Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 24-уми март дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа мусобиқаи гуштии миллӣ бахшида ба Наврӯз баргузор шуд.

Ин мусобиқаи идонаи паҳлавонӣ бо ибтикори Нусратулло Файзуллоев, раиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Ресанда”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, барпо гардид.

Мусобиқа бо ҳузури беш аз 10 ҳазор тамошогар бо кӯмаку дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа дар сатҳи баланд доир шуд.

Дар рақобатҳо беш аз 200 гуштигир аз манотиқи мухталифи кишвар байни кӯдакону наврасон, навҷавонону ҷавонмардон ва бузургсолон ширкат карданд.

Ғолибони ҳар як қувваозмоӣ бо ҷоизаҳо (бузу гӯсфанд, гову асп, яхдону телевизор, қолин, чангкашак, маблағи пулӣ ва ғайра) мукофотонида шуданд.
Барои ҷоизаи олии ин мусобиқа – мошини сабукрави тамғаи “Жигули” ВАЗ-2107 - ду паҳлавони маъруфи кишвар - Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Набимуҳаммад Хоркашев талош карданд.

Воқеъан, қувваозмоӣ миёни ҳарду дар мусобиқаи имсолаи наврӯзӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо афзалияти ночизи Муҳаммад Абдураҳмонов хотима ёфта буд.

Вале ин дафъа мусобиқаи паҳлавонӣ бидуни қавоиди расмӣ сурат гирифт. Яъне ғолиб на аз рӯи имтиёз, танҳо дар мавриди ба тахтапушт хобондани ҳарифаш муайян мешуд.

Қувваозмоии Муҳаммадмурод ва Набимуҳаммад дар оғоз хеле тезу тунд ва шавқангез сурат гирифт. Вале дар ҳавои гарму зери офтоб гуштӣ гирифтан барои паҳлавонон басо мушкил буд. Баъди тахминан 45 дақиқаи қувваозмоӣ, доварон ва масъулини мусобиқа ба хулосае омаданд, ки сабқати ҳарду мусовӣ эълон шавад.

Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, калиди мошинро ба ҳарду паҳлавони номии тоҷик тақдим кард. Бо розигии ҳарду Муҳаммадмурод мошинро гирифт ва нисфи маблағи нархи онро ба Набимуҳаммад дод.
Дар мусобиқаи гуштигирӣ дар шаҳри Турсунзода, ки айнан чунин ҳолат рух дода буд, Набимуҳаммад мошинро соҳиб шуда, нисфи маблағи нархи онро ба Муҳаммадмурод супурда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG