Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Теҳрон аз Дидбони Ҳуқуқи Башар


Имрӯз Теҳрон аз тасмими Дидбони Ҳуқуқи Башари вобаста ба СММ интиқод кард. Ин ниҳоди СММ тасмим гирифтааст, ки барои назорат бар вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон бозраси вижа таъйин кунад. Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, ин тасмим “ҷанбаи сиёсӣ” дорад ва ҳадафи он баркандани таваҷҷуҳ аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Амрикост. Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, тасмими Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Женева натиҷаҳои “фишори Амрико” бар ин созмон аст.Дар ин созмон 47 кишвар узвият доранд, вале Эрон узви он нест. Дирӯз 22 кишвар ба ҷонибдорӣ аз тасмими мазкур рай доданд. 14 кишвар аз додани рай худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG