Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарии амалиёти Либия ба НАТО вогузор шуд


НАТО розӣ шуд, дар амалиёти низомии таҳти ҳимояти СММ алайҳи Либия, нақши раҳбариро ба дӯш бигирад.

Ҳадафи ин амалиёти низомӣ дифоъ аз мардуми мулкӣ ва фишор ба ҳокими худхоҳи Либия Муаммар Қаззофист, ки тарки мақом кунад.

НАТО ТАВОФУҚ КАРД

Тасмими ахир ба чанд рӯзи баҳси ин мавзӯъ, ки Амрико фармондеҳии амалиёти Либияро оё ба кӣ бисупорад, нуқтаи таммат мегузорад. Тавофуқ дар ин масъала то кунун ба далели мухолифати Туркия, танҳо кишвари мусалмони узви НАТО, ҳосил намешуд. Аммо вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудуғлӯ дирӯз дар Анкара ба хабарнигорон гуфт, “амалиёт комилан ба НАТО таҳвил хоҳад шуд.”

Хабарҳои расида аз Брюссел ҳокист, ки тавофуқи ниҳоӣ ба дунболи тамоси вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон бо ҳамтоёнаш аз Туркияву Фаронса ва Бритониё ба даст омадааст. Витсе-адмирали амрикоӣ Вилям Кортнӣ дар Пентагон гуфт, фармондеҳии амалиёт дар поёни ҳафтаи равон таҳвил хоҳад шуд.

Қарор аст, Клинтон ҳафтаи оянда дар як анҷумани байналмилалӣ дар Лондон низ ширкат биварзад. Ҳадафи нишасти Лондон, ба гуфтаи як мақоми амрикоӣ, ки дар сӯҳбат бо Ассошиэйтед Пресс аз гуфтани исми худ худдорӣ кардааст, ҳамоҳанг сохтани сиёсатҳо ва амалиёти низомӣ алайҳи режими Қаззофист.

ФИШОРҲО БА ОБАМА

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки аз печидани кишвараш боз ба як амалиёти дигари низомӣ дар Ховари Миёна эҳтиёт мекунад, аз оғози амалиёти зидди Либия мегуфт, ки фармондеҳии ин амалиёт танҳо барои чанд рӯз бар ӯҳдаи Вошингтон аст.

Кормандони Конгресс мегӯянд, ки Обама қасд дорад дар ҳафтаи оянда низомиҳои аршад ва мушовирони сиёсати хориҷиашро ба Конгресс бифиристад, то дар Либия вориди иқдом шудани Амрикоро ташреҳ кунанд. Бошитоб ва бидуни ахзи ризоияти Конгресс даст ба амал задани маъмурияти Обама, мояи интиқодот аз сӯи вакилони ҳарду ҳизби бузурги сиёсии Амрико шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аъзои Шӯрои Амнияти СММ, ки ҳафтаи пеш бо судури қатъномаи рақами 1973 таҷовузи низомӣ ба хотири дифоъ аз мардуми мулкии Либияро иҷозат доданд, гузориши дабири кулли ин созмон Бан Ки Мунро шуниданд, ки гуфт, нирӯҳои Қаззофӣ оташбаси аз сӯи худи онҳо эълоншударо муроот намекунанд.

Бан Ки Мун дар суханронии кӯтоҳаш пиромуни раванди иҷрои қатъномаи Либия гуфт, давлати Қаззофӣ ҷиҳати иҷрои тааҳҳудоташ иқдом намекунад ва нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвари арабии шимоли Африқо ҳамчунон идома дорад.

ИДОМАИ ДАРГИРИҲО ДАР ЛИБИЯ

Бо он, ки аз оғози ҳамлаҳои ҳавоии эътилоф алайҳи таъсисоти низомии Қаззофӣ инак 5 рӯз сипарӣ мешавад, даргириҳои сангин барои шаҳрҳои калидии Либия идома дошта, аз пойтахт - Троблус ва Тоҷура, воқеъ дар канораҳои шарқии Троблус, дар бораи садои шиллики таслиҳоти зиддиҳавоӣ ва се таркиш гузориш шудааст. Хабарнигорон аз он минтақа гузориш медиҳанд, ки дастикам як таркиш дар маркази пойтахти Либия ва бақия дар Тоҷура рух додаанд. Телевизиони давлатии Либия гуфт, “таъсисоти мулкиву низомӣ дар Троблусу Тоҷура” ҳадафи оташи “мушакҳои дурпарвоз” қарор гирифтаанд. Қаблан хабаргузории расмии Либия дар бораи ҳалокати шумори бузурги мардуми мулкӣ дар Тоҷура хабар дода буд.

Муовини вазири хориҷаи Либия Холид Қоим шоми чоршанбе ба қатъи ҳамлаҳои ҳавоӣ даъват кард: ”Ҳамлаҳои ҳавоӣ, назири ҳамалоте ки имрӯз рух дод, байни афроди мулкӣ ва низомӣ фарқе намегузорад. Ба хотири шурӯъи муколамаи миллӣ ва ба ҳолати оддиаш баргаштани зиндагӣ, ҳамлаҳои ҳавоӣ бояд билофосила қатъ карда шаванд.”

Дар бораи тирборон шудани бемористони Мисрота тавассути тонкҳои Қаззофӣ ва ҳадафи тири нишонзанҳои ӯ қарор гирифтани мардум дар ин пойгоҳи умдаи чирикҳо дар ғарби Либия гузоришҳо мерасанд. Шоҳидон дар ин шаҳри муҳосирашуда қаблан гуфта буданд, ки тонкҳои Қаззофӣ дар пайи ҳамалоти ҳавоии нирӯҳои байналмилалӣ берун кашида шуданд. Аммо бино ба гузоришҳои расида аз шарқи Либия, набардҳо байни нирӯҳои содиқ ба Қаззофӣ ва чирикҳо барои шаҳри аз нигоҳи стротежӣ муҳими Аҷзабия идома дорад.

ҲАМЛАҲОИ "БОМУВАФФАҚИЯТ"-И ЭЪТИЛОФ

Вазири хориҷаи Фаронса Аллен Жюппе дирӯз гуфт, ҳамалоти ҳавоии эътилоф “бомуваффақият” буда, “то замоне ки лозим ҳаст, идома хоҳад ёфт”.

Ҳамтои бритониёии ӯ Вилям Ҳейг, ки дар Маҷлиси намояндагони парлумони кишвараш сӯҳбат мекард, гуфт, ки Лондон тамосҳояш бо мухолифин дар Либияро идома медиҳад: “Мо тамосҳоро бо мухолифини Либия, аз ҷумла бо Шӯрои муваққати миллии мустақар дар Бенғозӣ, амиқтар мекунем. Ман рӯзи сешанбе бо Маҳмуд Ҷабраил, фиристодаи хоси ин Шӯро, вазъи он минтақаро баҳс ва ӯро барои боздид ба Лондон даъват кардам. Ба таъбири қатъномаи Лигаи давлатҳои арабӣ, режими феълӣ машрӯъияташро комилан аз даст додааст.”

Витсе-адмирали амрикоӣ Вилям Кортнӣ дар Пентагон гуфт, Амрико барои нирӯҳо ва мақомоти содиқ ба Муаммар Қаззофӣ паём мефиристад, ки чунин аст: “Паёми мо сода аст: ҷангро бас кунед, куштори мардуми худро бас кунед, итоат ба фармонҳои сарҳанг Қаззофиро бас кунед!”
XS
SM
MD
LG