Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини гузоришгари вижаи ҳуқуқи башар барои Эрон


Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз пешниҳоди таъйини як гузоришгари вижаи ҳуқуқи башар барои Эрон ҳимоят кард.

Дар гузашта аксари аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба таъсиси чунин мақом мухолифат варзида мегуфтанд, ки ин иқдом дахолати нолозим дар умури дохилии кишварҳо хоҳад шуд.

Дар 10 соли гузашта барои нахустин бор аст, ки барои як кишвари алоҳида гузоришгари вижаи СММ таъйин мешавад. Ба ин пешниҳод дар иҷлоси Шӯрои ҳуқуқи башар 22 кишвар раъйи мувофиқ ва танҳо 7 кишвар раъйи мухолиф доданд ва 14 узви дигари ин ниҳоди СММ аз додани раъй худдорӣ варзидаанд.

Вале ин Шӯро дар моҳи гузашта бо муҷозоти яке аз кишварҳои узваш – Либия, ки ба маҳзи бадрафтории режими Муаммар Қаззофӣ нисбат ба мардуми мулкӣ танбеҳ шуд, майдони тозаи машрӯъият ба даст овард ва инак, ба дунболи шунидани гузориши ҷадиди СММ дар мавриди вазъи ҳамчунон вахими ҳуқуқи башар дар Эрон дар қиболи ин кишвар чунин иқдом кард.

Аммо далели таъсиси мақоми гузоришгари вижаи СММ дар мавриди Эрон чӣ буд ва оё ин мақом аз кадом салоҳиятҳое бархӯрдор аст, ки тавонад ба тағйири вазъ дар Ҷумҳурии исломӣ таъсир расонад? Бо ин суолҳо рафтем ба сӯҳбати Ҳодии Қоимӣ, раиси кумитаи ҳуқуқи башари Эрон, созмоне, ки аз Амрико фаъолият мекунад.

Ҳодии Қоимӣ низ аз иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башар дар Женева аст ва дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, таъйини ин мақоми вижа, пеш аз ҳама, баёнгари вазъи таҳаммулнопазиршудаи ҳуқуқи башар дар Эрон аст:

XS
SM
MD
LG