Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Саройкамар» - пешсафи мусобиқаи лигаи аввал


Дастаи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ки дар даври севуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ тими «Кӯктош»-ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, дар ҷадвал бо нӯҳ имтиёз пешсафи ягона шуд. Голҳоро Соҳиб Ваҳҳобов ва Анварҷон Авазов ба самар расонданд.

Бозиҳои даври чаҳорум рӯзҳои 12-13 май баргузор мешаванд.

«Локомотив-Помир», ки аз ҳисоби бозигарони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таркиб ёфтааст, дар мавсими имсола аввалин пирӯзӣ ба даст овард. Футболбозони наврас дар шаҳри Кӯлоб дастаи «Равшан»-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карданд. Ислом Зоиров, Ҷонибек Шарифов ва Эмомалии Аҳмадҷон ба «Локомотив» се имтиёз оварданд.

Дастаи «Маҳаллаи 83»-и Душанбе баъди ду пирӯзӣ дар даври севум аз тими мизбон - «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голҳои мизбононро Музаффар Фузайлов ва Фирӯз Бобиев заданд.

«Эсхата»- Хуҷанд дар меҳмонӣ бар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи Ҷӯрабой Исоев дар дақиқаи19-ум ба меҳмонон пирӯзӣ овард.

Боз ду бозии даври севум миёни дастаҳои «Зарафшон» (Панҷакент) – «Зарбдор» (Исфара) ва «Ҳулбук» (Восеъ) – «Сомон» (Данғара) – бидуни гол хотима ёфтанд.

Дар бозиҳои даври чорум, ки рӯзҳои 12-13 май баргузор мешаванд, дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд: «Зарбдор» – «Ваҳдат», «Локомотив-Помир» – «Зарафшон», «Кӯктош» – «Равшан», «Саройкамар» – «Сомон», «Эсхата» – «Ҳулбук»,«Маҳаллаи 83» – «Парвоз».

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 3-юм

«Кӯктош» – «Саройкамар» – 0:2

Голҳо: Соҳиб Ваҳҳобов, 3 (0:1). Анварҷон Авазов, 72 – аз пеналтӣ (0:2).

28 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи«Нефтяник». 1500 тамошобин.

«Равшан» – «Локомотив-Помир» – 2:3

Голҳо: Далер Чолов, 8 – аз пеналтӣ (1:0). Ислом Зоиров, 19 (1:1). Ҷонибек Шарифов, 31 (1:2). Эмомалии Аҳмадҷон, 65 (1:3). Аваз Қамчинов, 88 (2:3).

28 апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Зарафшон» – «Зарбдор» – 0:0

28 апрел. Панҷакент. Варзишгоҳи марказӣ. 2500 тамошобин.

«Ваҳдат» – «Маҳаллаи 83» – 2:0

Голҳо: Музаффар Фузайлов, 78 (1:0). Фирӯз Бобиев, 87 (2:0).

29 апрел. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ. 2500 тамошобин.

«Парвоз» – «Эсхата» – 0:1

Гол: Ҷӯрабой Исоев, 19.

29 апрел. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгох». 200 тамошобин.

«Ҳулбук» – «Сомон» – 0:0

29 апрел. Восеъ. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

Даври 4-ум

12 май (ҷумъа)

Оғози бозиҳосоати 16:30

«Зарбдор» – «Ваҳдат»

«Локомотив-Помир» – «Зарафшон»

«Кӯктош» – «Равшан»

13 май (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:30

«Саройкамар» – «Сомон»

«Эсхата» – «Ҳулбук»

«Маҳаллаи 83» – «Парвоз»

XS
SM
MD
LG