Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо тиру борут дар “Внуково”


Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо як “банка” борут ва қуттии тири камон хабар доданд. Оҷонсии “Интерфакс” рӯзи 30 апрел бо такя ба қавли манбааш гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав дастгир шудааст.

Дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 222-и Кодекси ҷиноии Русия парванда боз гардида, тафтишот идома дорад. Манбаи “Интерфакс” мегӯяд, “банка”-и борут ва қуттии тири камон дар бағочи шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон буд ва тавассути саги бӯйгир ёфт шуд. Бино ба хабари “Интерфакс”, ин шаҳрванди Тоҷикистон қасд доштааст, ба Душанбе биравад.

Дар ҳоли ҳозир аз нафари боздоштшуда ному насаб бурда намешавад. Аммо боздошти ӯ дар ҳолест, ки тайи тақрибан як моҳи охир, дар пайи таркиши метрои Санкт-Петербург, тафтишу санҷиши муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шиддат ёфтааст. Дар робита ба ин таркиш, ки 16 кушта бар ҷой гузошт, даҳ нафар, аз ҷумла ба иддаои мақомоти Русия, як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Содиқ Ортиқов боздошт шудаанд.

Вале як манбаи Додситонии кулли Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаоро рад кард ва гуфт, то кунун ягон санади марбут ба Содиқ Ортиқовро дар кишвар наёфтаанд. Гумонбари асосӣ Акбарҷон Ҷалилов, зодаи 22-солаи Қирғизистон гуфта мешавад, ки дар таркиш кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG