Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Рӯҳонӣ хостанд, ки Мусавӣ ва Каррубиро аз ҳабс озод кунад


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки раъйи онҳо “ба рақибони тундраваш” боиси истибдоди густарда дар Ҷумҳурии Исломӣ хоҳад шуд. Дар айни замон рақибони Рӯҳонӣ сиёсатҳои иқтисодии ӯро ноком номиданд.

Ҳасан Рӯҳонӣ талош дорад, то барои як давраи чаҳорсолаи дигар раиси ҷумҳури Эрон бишавад. Ӯ дар шаҳри Язд ба аҳводоронаш гуфт, нахоҳад гузошт, ки бори дигар фазои амниятӣ бар донишгоҳҳои Эрон ҳоким шавад.

Дар ҷараёни ин суханронӣ, шуморе аз ширкаткунандагон аз Рӯҳонӣ хостанд, то қарори ҳабси хонагии Мирҳусейн Мусавӣ ва Меҳдии Каррӯбӣ, ду тан аз раҳбарони мухолифонро бекор кунад.

Қарор аст, интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон рӯзи 19 май баргузор шавад. Барои дарёфти курсии президентӣ шаш нафар вориди сабқат шудаанд. Қаблан Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон низ худро барои иштирок дар ин сабқат номнавис кард, вале Шӯрои нигаҳбон иҷоза надод.

XS
SM
MD
LG