Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории боз 4 000 нафари дигар дар Туркия


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Рӯзи шанбе дар Туркия тақрибан 4 ҳазор нафар аз ходимони давлатӣ ва низомиён аз мақомҳои худ баркнаор шуданд. Official Gazette, нашрияи расмии Туркия навишт, дар миёни барканоршудаҳо устодони донишгоҳ ва беш аз ҳазор нафар кормандони Вазорати адлия низ ҳастанд.

Дар маҷмӯъ, баъд аз табадуллоти нофарҷоми соли гузашта дар Туркия, 120 ҳазор нафар кори худро аз даст дода, чиҳил ҳазор дар боздошт ба сар мебаранд. Чунин бархӯрди ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо вокунишҳои ҳомиёни ҳуқуқи башар рӯ ба рӯ шуд.

Онҳо мегӯянд, Анкара бо баҳонаи саркӯби табаддулотгарон гуногунандеширо маҳв мекунад. Туркия Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии турки муқими Амрико ва ҷунбиши таҳти идораашро барои ташкили табаддулоти нофарҷом муттаҳам карда ва борҳо аз Иёлоти Муттаҳида истирдоди ӯро талаб намудааст.

Аммо Гулен расман ин иттиҳомотро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG