Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути як ҳавопаймои низомӣ ҳашт нафар ҷон бохтанд


Ҳукумати Куба мегӯяд, ки дар натиҷаи суқути як ҳавопаймои низомии ин кишвар ҳадди ақалл ҳашт нафар ҷон бохтанд. Ҳавопаймои «Ан 26» аз як майдони ҳавоӣ дар наздикии Ҳавана, пойтахти Куба, ба ҳаво бархоста ва дар 60-километрии ҳамин минтақа дар болои як теппа суқут намуд. Ҳукумати Кума як кумисюнро муваззаф кардааст, ки дар мавриди чигунагии ин ҳодиса таҳқиқ кунад. Бар асоси гузоришҳо, ҳаво ҳангоми суқути ҳавопаймо софу офтобӣ будааст. То ҳанӯз маълум нест, ки ҳавопаймо чанд сарнишин дошт.

XS
SM
MD
LG