Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулбиддин Ҳикматёр аз Толибон хостааст, ки аз ҷанг даст бардоранд


Гулбиддин Ҳикматёр дар вилояти Лағмон
Гулбиддин Ҳикматёр дар вилояти Лағмон

Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломӣ, ки баъди солҳо будубош дар хориҷ ба Афғонистон баргаштааст, рӯзи 29 апрел дар як суханронӣ дар вилояти Лағмон аз ҳаводоронаш хост, дар таъмини амният талоши бештар кунанд. Вай ҳамчунон аз Толибон талаб кард, ки аз ҷанг даст бардоранд.

Дар ин суханронии Ҳикматёр дар Лағмон шуморе аз мақомҳои давлатӣ ва аъзои Шӯрои миллии Афғонистон ҳам ҳузур доштанд. Дар ҳамин ҳол расонаҳо аз эҳтимоли раҳоии даҳҳо тарафдори зиндонии Гулбиддин Ҳикматёр хабар додаанд. Як манбаи Ҳизби исломӣ ба хабаргузории “Пажвок”-и Афғонистон гуфтааст, ки онҳо феҳристи раҳоии 2500 зиндониро ба ҳукумат супурдаанд.

Моҳи феврали имсол Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид номи Гулбиддин Ҳикматёр – раиси Ҳизби исломиро аз “феҳристи сиёҳ” берун карда ва роҳи бозгашти ӯро ба Афғонистон ҳамвор намуда буд. Ҳукумати Афғонистон моҳи сентябри соли гузашта бо Гулбиддин Ҳикматёр созиши сулҳ имзо кард.

Кобул умедвор аст, созиш бо Ҳикматёр гурӯҳи Толибонро ба хатми шӯриш мутақоид карда, ба равандҳои сиёсӣ бармегардонад. Аммо созиши ҳукумати Афғонистон бо Ҳикматёр бо интиқоди бархе аз афғонҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ рӯ ба рӯ шудааст. Онҳо бештар ба иттиҳомоти тӯлонии нақзи ҳуқуқи башар ва баъзе ҷиноятҳои мудҳиши замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум ишора мекунанд, ки Ҳикматёр дар содир шудани онҳо масъулият дорад.

Ҳикматёр ва Ҳизби исломии ӯ ба анҷоми як силсила ҳамлаҳои хунин алайҳи нерӯҳои Амрико ва нерӯҳои давлатии Афғонистон низ айбдор буданд.

XS
SM
MD
LG