Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои баргузории интихоботи нав дар Мақдуния


Ҳудуди 2 ҳазор эътирозгар дар пойтахти Мақдуния (Македония) гирди ҳам омада ва хостори баргузории интихоботи нав дар ин кишвар шуданд. Як рӯз пеш аз ин, гурӯҳе аз тазоҳургарон ба порлумони Мақдуния ҳуҷум бурда ва раҳбарони эътилофи нави ҳокимро латту кӯб карданд. Эътирози мусолиматомез рӯзи ҷумъа дар беруни дафтари маъмурияти Иттиҳоди Аврупо дар маркази Мақдуния низ роҳандозӣ шуд. Норозиён гуфтанд, ки вобастагии сиёсӣ надоранд ва ҳадафашон “ҷилавгирӣ аз амиқтар шудани буҳрони Мақдуния аст”. Иттиҳоди Аврупо аз эътилофи нави ҳоким ҳимояти худро эълон кардааст. Ин эътилоф аз тарафи сотсиал-демократҳо ва албанитаборҳо ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG