Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷияни Каримов аз ҳабси хонагӣ дубора ба маҳбас меравад


Додситонии шаҳри Киеви Украина аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Печери шаҳр, ки Акбаралӣ Абдуллоев, хеши президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов аз маҳбас ба ҳабси хонагӣ интиқол додааст, ба додгоҳ шикоят бурд.

Абдуллоев писари хоҳари ҳамсари Каримов аст. Ӯ14 январи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Киев боздошт шуд. Тошканд Абдуллоевро дар содир кардани ҷинояти иқтисодӣ айбдор мекунад.

Додгоҳи ноҳияи Печер дархости додситонии шаҳри Киевро барои тамдиди муҳлати ҳабси Абдуллоев қонеъ накард

"Додгоҳ ба ин тартиб қарор кард, ки Абдуллоев то 19 июн дар ҳабси хонагӣ боқӣ монад. Тибқи ин қарор, ҳамаи ҳаракоти Абдуллоев дар ҳабси хонагӣ низ аз сӯи мақомоти қудратӣ назорат мешавад. Бо ин вуҷуд, додситонии Киев ба зинаҳои болоии додгоҳ муроҷиат карда, хоҳони бозбинии қарори додгоҳи Печер шуд", - хабар медиҳад додгоҳи Печер.

Вакилони Акбаралӣ Абуллоев бо ҳадафи пешгирӣ аз истирдоди ӯ ба Тошканд аз Хадамоти муҳоҷирати Украина дархост карданд, ки ба зерҳимояашон мақоми паноҳандагӣ диҳад.

XS
SM
MD
LG