Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оралман" дар ҷашнвораи "Фаҷр" беҳтарин филми Осиё эътироф шуд


Порчае аз филми "Оралман"
Порчае аз филми "Оралман"

Филми бадеии "Оралман"-и коргардони қазоқ Собит Қурмонбеков дар 35-умин Ҷашнвораи филмҳои "Фаҷр"-и Эрон беҳтарин филми Осиё эътироф шуд.

"Оралман"-ро аз миёни 15 филм дар бахши "Уфуқи шарқӣ" беҳтарин унвон карданд.

Филми "Оралман" дар бораи бозгашти ақаллиятҳои қазоқ аз Афғонистон ба Қазоқистон ва муносибати мардуми маҳаллӣ ба онҳо қисса мекунад. Ин филм ҳанӯз дар Қазоқистон ба намоиш надаромадааст.

Коргардони "Оралман" Собит Қурмонбеков мегӯяд, гузориши Радиои Озодӣ дар бораи қазоқҳои этникӣ боиси пайдоиши филм гардид. Радиои Озодӣ дар бораи "фармондеҳ Уалӣ" - қазоқе, ки волидонаш аз ҳукумати Шӯравӣ ба Афғонистон фирор карда буданд, гузориш нашр кард. Хонаводаи "фармондеҳ Уалӣ" бо гузашти ним аср ба ватани аслии худ баргашт.

Ҷашнвораи байналмилалии "Фаҷр" дар Теҳрон аз 21 то 28 апрел баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG