Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии низомии Русия дар Баҳри Сиёҳ ғарқ шуд


Киштии Русия дар Босфор
Киштии Русия дар Босфор

Вазорати дифои Русия аз бархурди "Лиман"- киштии низомии Русия бо як киштии борбар дар 40 километрии халиҷи Босфор хабар дод. Ҳодиса рӯзи 27 апрел рух дод.

Матбуоти Туркия бо иқтибос аз хадамоти соҳилбонӣ гуфт, ки киштии Русия баъди бархурд бо киштии дигар ғарқ шуд, аммо ҳамаи 78 нафар коргаронаш ҷон ба саломат бурданд.

Ҳодиса соати 11:53 дақиқа дар қисмати ғарбии Баҳри Сиёҳ рух дод ва "Лиман" бо киштии "Ашот-7" бархурд, ки таҳти парчами кишвари африқоии Того ҳаракт мекард.

XS
SM
MD
LG