Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон "ғуломдори асри 21" боздошт шуд


Пулиси вилояти Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи сешанбе хабар дод, ки нафареро бо гумони аз озодӣ маҳрум кардан ва дар ғуломӣ нигаҳ доштани як шаҳрванди Ӯзбекистон ва як сокини шаҳри Оқтеппа боздошт кардааст.

Бино бар иттилои мақомот, марди 31-солаи сокини маҳаллӣ, зоҳиран, намояндаи "ҷараёни ғайрианъанавии динӣ", боздошт шудааст.

Номи боздоштшударо пулис зикр намекунад. Хабар дода мешавад, ки ҳангоми кофтукоб аз мошини вай "силоҳи шикорӣ" пайдо гардидааст.

Боздоштшуда пештар ҳам бо айби содир кардани ҷиноят аз озодӣ маҳрум шуда буд, мегӯяд пулис. Ин навбат вай дар дуздӣ, ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан ва "дар ғуломӣ нигаҳ доштани як шаҳрванди Ӯзбекистон ва як сокини шаҳри Оқтеппа" гумонбар мешавад.

XS
SM
MD
LG