Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Узбакистон дар Тошканд


Дастаи мунтахаби футзали ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бар тими ҷавонони Узбакистон бо ҳисоби 7:4 пирӯз шуд. Ин бозии дӯстона дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2017 рӯзи 25 апрел дар маҷмааи варзишии “Универсиал”-и шаҳри Тошканд барпо гардид. Се голи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ба самар расонд. Умед Қӯзиев, Шоҳрух Ҳамидов, Насим Шарифов ва Иқбол Воситзода якголӣ заданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон 26 апрел хабар доданд. Ба иттилои ин манбаъ, имрӯз бозии ҷавобии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбакистону Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё байни тимҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Ветнам, Ҷопон, Тайван ва Индонезия рақобат мекунад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 21 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст, ки якеаш аз шаш даста ва се гурӯҳи дигар аз панҷдастаӣ иборатанд. Мувофиқи дастури мусобиқот, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври баъдӣ роҳ ёфта, ҷуфтҳои чаҳорякниҳоиро ташкил медиҳанд. Сипас мусобиқот аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мегардад.

Аввалин мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2017 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола аз 16 то 26 май дар Бангкок баргузор мешавад.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2017 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20):

Гурӯҳи «А»: Тайланд, Ироқ, Малайзия, Бруней, Баҳрайн, Афғонистон.

Гурӯҳи «В»: Ветнам, Ҷопон, Тайван, Тоҷикистон, Индонезия.

Гурӯҳи «С»: Узбакистон, Қатар, Лубнон, Мянмар, Ҳонконг.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, ИМА.

XS
SM
MD
LG