Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди тарҳи "бекор кардани шаҳрвандии ҷангиёни қазоқ" ба порлумон


Вазири адлияи Қазоқистон Марат Бекетаев 25 апрел дар шаҳри Остона гуфт, ҷазои маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ дар банди 21-уми лоиҳаи кодекси нави ҷиноии ин кишвар пешбинӣ шудааст. Пешниҳоди бекор кардани шаҳрвандии шахсоне, ки ба содир кардани ҷинояти сангин зидди манфиатҳои Қазоқистон айбдор дониста мешаванд, соли равон таҳия ва ба порлумон ироа гашт. Ба ин навъи ҷурм, ҷиноятҳои махсусан вазнини террористӣ ва амалҳое, ки зидди сохти конститутсионӣ, истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат равона шудаанд, шомил мешаванд.

Вазири адлияи Қазоқистон мегӯяд, лоиҳае, ки ҳоло онҳо таҳия ва ба порлумон пешниҳод карданд, ягон ҳадаф ё ангезаи сиёсӣ надорад. "Танҳо мехоҳем, шаҳрвандоне, ки ба сафи гуруҳҳои тундрав пайвастаанд, имкони бозгашт ба Қазоқистон ва паҳни ақидаҳои худро дар ватан надошта бошанд", - афзуд Бекетаев дар суҳбат бо хабарнигорон. Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Қазоқистон баъди ислоҳи Қонуни асосии ин кишвар, ки бозтақсими салоҳиятҳои президент, порлумон ва ҳукуматро пешбинӣ мекунад, таҳия шуд.

XS
SM
MD
LG