Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров гуфт, ки Русия ба Толибон силоҳ надодааст


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия

Сергей Лавров – вазири умури хориҷии Русия – изҳороти низомиёни Амрикоро бепоя хонд, ки гуфтанд, Маскав Толибонро бо силоҳу техникаи ҷангӣ таъмин мекунад. Хабаргузории РИА Новости рӯзи 25 апрел аз қавли Лавров гуфт, “ҳеҷ далел вуҷуд надорад, ки суханони фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Афғонистонро собит кунад”.

Рӯзи 24 апрел Ҷон Николсон, фармондеҳи нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон, дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт, маълумот дар бораи кумаки Русия ба Толибон пайваста дастрас мешавад.

Ба навиштаи нашрияи Washington Post, Маскав интиқоли силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба Толибонро бо баҳонае афзоиш додааст, ки ин силоҳ алайҳи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG