Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушниди Тоҷикистону Русия аз сар гирифта шуд


Шералӣ Ганҷалзода
Шералӣ Ганҷалзода

Музокироти Тоҷикистону Русия бар сари парвози ҳавопаймоҳо рӯзи 25 апрел дар Маскав аз сар гирифта шуд. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳайати расмии кишвар бо раҳбарии Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёт шоми 24 апрел ба Русия рафтаанд.

Тақрибан ду ҳафта пеш дар музокироти Тоҷикистону Русия бо дархости ҳайати Душанбе танаффус эълон шуда буд. Тоҷикистону Русия ним сол боз бар сари иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс доранд. То кунун чанд даври музокирот дар Душанбеву Маскав баргузор шуда, аммо ҷонибҳо натавонистанд дар ин маврид ба натиҷаи мусбат бирасанд.

Тарафи Русия мехоҳад, ҳавопаймоҳои “Ямал” дар ҳафтае 7 бор ба пойтахту шимоли кишвар парвоз анҷом диҳад. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки бояд шумори парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар ҳафтае ду бор бошад.

Дар пайи забон наёфтанҳо, Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба минтақаҳои он кишвар манъ кардааст. Тоҷикистон ҳам қаблан ҳушдор дода буд, ки ҷавоби ҳамсони Русияро хоҳад дод. Аммо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан дар парвози ҳавопаймои ширкатҳои Русия ба Душанбе тағйироте рух надода ва парвозҳо тибқи ҷадвали расмӣ анҷом мешаванд.

XS
SM
MD
LG