Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Наргис Бойхонова, овозхони гуруҳи маъруфи "Ялла"


Наргис Бойхонова, овозхони пешини гуруҳи маъруфи "Ялла" дар шаҳри Тошканди Узбакистон даргузашт. Вай аз соли 1974 то 1983 сарояндаи асосӣ ё ба истилоҳ солисткаи гуруҳи "Ялла" буд. Бойхонова рӯзи 23 апрел баъди бемории тӯлонӣ дар 68-солагӣ вафот кард.

Соли гузашта вай дар яке аз беморхонаҳои Олмон ҷарроҳӣ шуда буд.

Бозигари синамои узбак Ҷавоҳир Зокиров, ки дар маросими дафни Бойхонова иштирок дошт, гуфт, намояндагони Вазорати фарҳанг ва садҳо санъаткори Узбакистон дар ҷаноза иштирок карданд.

Ба гуфтаи вай, хонадони Зокировҳо ва санъати эстрадии узбак аз садои беҳамто маҳрум шуд. Наргис Бойхонова нахустин ҳамсари Фаррух Зокиров, сарояндаи дигари гуруҳи "Ялла" буд.

XS
SM
MD
LG