Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маттис: Ҳамагуна ёрии низомӣ ба Толибон хилофи қонуни байналмилалист


Ҷеймс Маттис (рост) бо Ҷон Николсон
Ҷеймс Маттис (рост) бо Ҷон Николсон

Ҷеймс Маттис – вазири дифои Амрико – гуфт, ки агар Русия барои шӯришиёни Толибон кумаки таслиҳотӣ кунад, Вашингтон аз роҳ монеаш хоҳад шуд. Генерал Маттис рӯзи 24 апрел дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ҳамагуна кумаки низомӣ ба Толибон хилофи қонунҳои байналмилалист.

Ӯ афзуд, “то ҷои мумкин бо Русия аз роҳи дипломатӣ бархӯрд хоҳем кард. Аммо дар сурате ки Русия бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ амал кунад ё ҳокимияти миллии кишварҳои дигарро дар назар нагирад, мо монеъ хоҳем шуд. Барои мисол, сарозер шудани ҳамагуна силоҳ ба инҷо аз кишварҳои хориҷӣ хилофи қонунҳои байналмилалист.”

Ҷон Николсон, фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Афғонистон, дар ин нишастӣ хабарӣ гуфт, онҳо ба ҷамъоварии гузориш дар мавриди кумакҳои таслиҳотии Русия ба Толибонидома хоҳанд дод. Вай гуфт, “аз ҳар касе ки дар барои пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон ба мо кумак мекунад, ҳимоят мекунем. Аммо мусаллаҳсозӣ бархӯрди душманона аст.” Николсон аз ин бештар маълумот надод.

Аммо қаблан як мақоми баландрутбаи амрикоӣ дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, Русия пулемёту силоҳҳои дигарро дар ихтиёри ҷангҷӯёни Толибон гузоштааст. Ин мақомдор гуфт, феълан Толибон ин силоҳҳоро дар минтақаҳои Ҳилманду Қандаҳор ва Урузгон ба кор мебарад.

Русия дар гузашта борҳои кумаки низомӣ ба Толибонро рад кардааст. Маскав мегӯяд, тамосаш Толибон танҳо даъвати онҳо ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG