Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ба муҷозоти гунаҳкорони ҳалокати нозири САҲА даъват кард


Украина -Акси мошине, ки ҳангоми интиқоли нозирони САҲА ба мина бархурд.23 апрели 2017.
Украина -Акси мошине, ки ҳангоми интиқоли нозирони САҲА ба мина бархурд.23 апрели 2017.

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могеринӣ хост, то шахсоне, ки дар ҳалокати нозири Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар вилояти Луҳански Украина айбдоранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар ин изҳорот Могеринӣ ба пайвандони нозири ҳалокшуда ҳамдардӣ кард ва барои захмиёни шифои оҷил хост. Вай ҳамчунин ба пешрафт дар ҳалли осоиштаи низои шарқи Украина даъват кард.

Изҳороти Могеринӣ дар робита ба ҳалокати як нозири САҲА нашр шуд, ки субҳи якшанбе дар деҳаи Пришиби вилояти Луҳански Украина, ки ҳоло зери назорати ҷудоихоҳон аст, аз таркиши минаи сарироҳӣ ҷон бохта, ду ҳамкори ӯ захмӣ шуданд.

САҲА низ тасдиқ кард, ки нозири ҷонбохта шаҳрванди Амрикост ва ҷасади ӯ ҳоло ба минтақаи таҳти идораи нерӯҳои Украина интиқол дода шудааст.

XS
SM
MD
LG