Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Бо як факт муносибати Эрону Тоҷикистонро халалдор кардан мумкин нест”


Муҳаммад Ҷавод Зариф
Муҳаммад Ҷавод Зариф

Тифлис, Ишқобод, Бишкек. Ин рӯйхати сафарҳои Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, ба кишварҳои давру бари Тоҷикистон аст, ки дар он номи Душанбе нест. Ҳарчанд расонаҳои худи Эрон ва хориҷии форсизабон баъд аз бозгашти Зариф ба Эрон навиштанд, қарор буд, ӯ ба Душанбе ҳам сафар дошта бошад.

Муносибати кишварҳо наметавонад доим яксон бошад. Ҳоло Тоҷикистону Эрон даврони муносиботи камфаъолиро аз сар мегузаронанд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф пас аз сафарҳои пайдарпай ба Гурҷистону Туркманистон ва Қирғизистон рӯзи 20-уми апрел ба Теҳрон баргашт. Вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон ба суоли матбуот дар робита ба инки, оё ин сафар аз қабл тарҳрезӣ шуда буд ё не, шарҳе намедиҳанд.

"Сафар ба Тоҷикистон дар барнома ҳаст"

Баҳром Қосимӣ
Баҳром Қосимӣ

Танҳо сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ дар посух ба суоли хабарнигорони расонаҳои Эрон дар мавриди иллати сурат нагирифтани сафари Зариф ба Тоҷикистон гуфтааст, “сафар ба кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз, аз ҷумла Тоҷикистон дар барномаи кори вазир ҳаст ва дар вақти муайян сурат хоҳад гирифт.”

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон рӯзи 22 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мавридҳои сурат нагирифтани сафари мақомҳои расмӣ иттифоқ меафтанд ва ин ба маънои халалдор шудани муносибатҳо нест. Вай гуфт, “мумкин барномаҳои ҷаноби вазир дигар шуда бошад. Мо ҳақ надорем, ки саросема дӯстони эронии худро ба муносиботи сард гунаҳкор кунем. Ин гуна нарафтанҳо ба сафарҳои дар нақша буда бисёр мешавад. Бо ҳамин як факт муносиботи хуби Эрону Тоҷикистонро халалдор кардан мумкин нест”.

Даврони камфаъолии Тоҷикистону Эрон?

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Сафаров афзуд, дар таоруфоти дипломатӣ лағви сафарҳо чизи доимӣ нест, вале ҳамин хел иттифоқ меафтад. “Муносибати кишварҳо наметавонад доим яксон бошад. Ҳамеша дар муносиботи давлатҳо давраи фаъолӣ ва камфаъолӣ ба чашм мерасад. Ҳоло Тоҷикистону Эрон даврони муносиботи камфаъолиро аз сар мегузаронанд”.

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, равобити миёни Душанбе ва Теҳрон дар ду соли охир дучори чанд “садамае” гаштанд, ки боиси сардии равобит ва боиси камранг шудани равуои мақомдорони ду тараф шудааст. Равобити ду ҷониб нахуст аз ҳузур пайдо кардани Муҳиддин Кабирӣ пас аз мамнуъ ва терористӣ эълон шудани ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон ва мулоқоташ бо роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ халалдор шуд. Душанбе ин амалро ғайри қобили қабул ва хилоф бо робитаҳои хуби ду кишвар номид.

Моҷарои Бобаки Занҷонӣ...

Муҳиддин Кабирӣ бо раҳбари олии Эрон
Муҳиддин Кабирӣ бо раҳбари олии Эрон

Дар пай дар Душанбе дафтари Кумитаи Имдоди Хумайнӣ ва дигар созмонҳои марбут ба Ҷумҳурии Исломӣ баста шуда, содир шудани виза барои шаҳрвандони Эрон дар фурудгоҳ бекор гардид. Барои вуруди бархе аз анвои ғизо аз Эрон ба Тоҷикистон низ таҳрим ҷорӣ шуд.

Баъдан моҷарои дар Тоҷикистон гӯё нопадид шудани сармояҳои Бобаки Занҷонӣ, ки мақомдорони Эрон сари чанд вақт иддао мекарданд, табъи Душанберо хира мекард. Чунки ин иддао Тоҷикистонро дар миёни давлатҳо ба унвони “макони пулшӯӣ” вонамуд мекард, ки табъан ба коми Душанбеи расмӣ нест.

Рӯ ба Саудӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо шоҳи Саудӣ Салмон бин Абдулазиз
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо шоҳи Саудӣ Салмон бин Абдулазиз

Пас аз ин амалкардҳои Эрон, Душанбе ба навбати хеш гашти дигаре кард ва муносиботашро бо Арабистони Саудӣ – кишвари рақиби рақами яки Эрон – беҳбуд бахшид. Саудия дар пайи як сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Риёз эълон дошт, ки барои бунёди муҷтамаи порлумони нав дар пойтахти Тоҷикистон маблағ медиҳад. Иттифоқан ин бино қарор аст, дар ҷойи кунунии сафорати Эрон ва бинои собиқи Вазорати кишоварзӣ бунёд шавад.

Тоҷикистон мухолифи шомил шудани Эрон ба ШОС аст?

Сардии муносиботи Тоҷикистону Эрон рӯзи 21-уми апрел дар ҷаласаи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви созмони Шонгҳой (ШОС) низ зоҳир шудааст. Нашрияи русии “Известия” дар такя ба манбаи хеш дар ҳайати русӣ дар ин ҷаласа навишт, “барои узвияти Эрон ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҳамаи кишварҳо ризоят доданд, ба ҷуз аз Тоҷикистон”.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама танишҳо мақомоти Тоҷикистон боре ҳам ба таври ошкоро сард ва дучори мушкил шудани муносибот бо Эронро эътироф накардаанд.

Баъди интихоботи 19 май чӣ хоҳад шуд?

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари умури сиёсӣ дар Тоҷикистон, бо эътирофи бурузи мушкилот дар муносибати тарафҳо мегӯяд, интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар Эрон барои ҳар ду ҷониб шонси аз сар гирифтани равобитро фароҳам меорад: “Эрон дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қарор дорад. Омадурафти масъулин ҳам ба ҳамин маърака рабт мегирад. Яъне, мақомҳо ба он кишварҳое сафар мекунанд, ки дар онҷо имкони ба имзо расонидани ин ё он созишнома ва ба унвони дастоварди ҳукумат муаррифӣ кардани он дар маъракаи интихобот вуҷуд дошта бошад”.

Рашид Ғанӣ Абдулло афзуд, маъмулан кишварҳо дар арафаи маъракаи интихобот аз гирифтани иқдомҳои муҳими сиёсӣ худдорӣ меварзанд. “Аммо бо интихоб шудани раиси ҷумҳури нав барои Тоҷикистон ва Эрон баҳонаи хубе барои аз сар гирифтани муносибот фароҳам меояд”, - таъкид дошт ин ҳамсуҳбати мо.

Эрон дар қатори аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро дар соли 1991 ба расмият шинохт ва нахустин шуда сафорати худро дар Душанбе соли 1992 боз кардааст.

XS
SM
MD
LG