Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи ҷойҳои холии корӣ дар масҷидҳо баргузор мешавад


Қазоқистон - Намоишгоҳи ҷойҳои корӣ дар масҷиди Алмаато. 21 феврали соли 2017.
Қазоқистон - Намоишгоҳи ҷойҳои корӣ дар масҷиди Алмаато. 21 феврали соли 2017.

Дар масҷиди марказии шаҳри Алмаатои Қазоқистон намоишгоҳи ҷойҳои холии корӣ оғоз шуд. Муовини сардори Шӯъбаи барномаҳои шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии шаҳр Каримгул Жакатаев гуфт, намоишгоҳро барои он дар рӯзи ҷумъа баргузор карданд, ки дар ин рӯз одамони зиёд ба масҷид меоянд.

Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳи имрӯза садҳо ҷойи холии кор дар ширкату ташкилотҳои хусусӣ низ пешниҳод гаштаанд. Ба иттилои расмӣ, феълан дар Остона 48 ҳазор одам ҳамчун бекор қайд шудааст.

Бештари ҷойҳои кории пешниҳодшуда дар соҳаи хидматрасонӣ буда, ҳамчунин дар он ҷойҳои холии кор дар бахши фановариҳои иттилоотӣ, иқтисодӣ ва муҳосибӣ низ дида мешавад.

Ин намоишгоҳ бо ташаббуси Бахши шаҳрии Ҳизби "Нур Отан" ва Идораи руҳониёни мусулмонони Қазоқистон баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Жакетаев, дар гузашта аз ин гуна намоишгоҳҳо 260 нафар ҷои кор пайдо кардаанд. Ӯ афзуд, ки ният доранд, то дар оянда намоишгоҳҳои ҳамсонро дар назди бузургтарин масҷидҳо баргузор кунанд.

XS
SM
MD
LG