Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия таҷҳизоти ҷангиашро ба марзи Кореяи Шимолӣ мебарад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар пасманзари нигарониҳо аз эҳтимоли даргирӣ миёни Пхенян ва Иёлоти Муттаҳида, Русия таҷҳизоти низомии сангинашро ба марзи кишвар бо Кореяи Шимолӣ интиқол медиҳад.

Матбуоти маҳаллии Шарқи дури Русия навишт, сокинон шоҳиди ин буданд, ки аз охири ҳафтаи гузашта корвонҳои бузурги таҷҳизоти вазнини низомӣ бо қатор ва роҳи мошингард ба самти марзи Кореяи Шимолӣ ҳаракат мекунанд.

Дар сомонаи DVHab.ru навори видеои қатори пур аз таҷҳизоти сангини низомиро гузоштаанд, ки эҳтимол аз Хабаровск ба сӯи Владивосток ҳаракат мекунанд. Ин минтақа дар фосилаи ҳудудан 160-километрии марз ҷойгир аст.

"Ин сеюмин қатори ҳомили таҷҳизоти низомӣ аст, ки аз саҳар дидем",-мегӯяд марде дар навор ба забони русӣ.

"Восток Медиа" мегӯяд, ки сокинони минтақа ҳаракати чархболу зиреҳпӯшҳо ва таҷҳизоти дигарро дар самти Хабаровск-Владивосток мушоҳида карданд. Сухангӯи низомии Русия ин ҳаракатро бахши "тамрини маъмулӣ" унвон кардааст.

Ташаннуҷ дар атрофи Кореяи Шимолӣ баъд аз санҷиши мушакҳои ҳастаӣ ва силсилаи мушакҳои болдор аз ҷониби Пхенян дар соли 2016 башиддат афзоиш ёфт.

Ноиби раиси ҷумҳури Амрико Майк Пенс рӯзи 19-уми апрел гуфт, ки Амрико ба ҳама гуна ҳамла "посухи фарогир ва пуртаъсир" хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG