Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигора: Гум шудам, то танҳо бошам. САДО


Нигора Атомамадхонова
Нигора Атомамадхонова

Нигора Мамадатохонова – донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи шаҳри Хоруғро, ки ҳанӯз охирҳои моҳи марти имсол нопадид шуда буд, дар ҳудуди ноҳияи Шӯроободи собиқ (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ёфтанд. Наврӯзшо Мамадатохонов, падари Нигора, рӯзи 13 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, духтараш саломат аст ва ба пурсиши маъмурони пулис дар бораи инки тӯли ин муддат дар куҷо буд, ҷавоб гуфтааст. “Мо дар роҳ ба ноҳияи Ишкошим ҳастем ва қарор аст, ҳафтаи оянда Нигора барои таҳсил ба Хоруғ баргардад. Инчунин, ӯро ба пизишки равоншинос нишон хоҳем дод”, - афзуд ӯ.

Нигора мегӯяд, ду ҳафта дар Душанбе буд ва фикр намекард, ки...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00
Линки мустақим

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳарчанд дар барномаҳои ҷудогонаи телевизионӣ ва вебсайти расмиаш аз гум шудани ин ё он нафар хабар медиҳад, вале нагуфтааст, ки барои мисол, дар маҷмуъ, дар як соли охир чӣ қадар аз шаҳрвандони кишвар гум шуда, чӣ теъедоди онҳо пайдо гардидаанд.

Ду ҳафта дар Душанбе

Худи Нигора дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар муддати беш аз ду ҳафта дар Душанбе қарор дошт ва ҳангоми бозгашт ба Хоруғ дар дидбонгоҳи Шӯрообод (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) боздошта шуд. Вай далели барои як муддат гум шуданашро “фаромӯш кардани баъзе хотираҳои гузашта” номид, аммо ҷузъиёт надод. Ӯ гуфт, “як муддат хостам, ки дар танҳоӣ ба сар барам”.

Мақомоти пулис ҳанӯз дар бораи сабабҳои "гум шудани" Нигора ҳарфе нагуфтанд ва далели дигаре ба ҷуз аз ҳарфҳои ӯ дар ҳоли ҳозир вуҷуд надорад.

“Ҳеҷ дар гӯшаи хаёлам набуд, ки...”

Бинои Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ
Бинои Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ

Ин сокини ҷавони ноҳияи Ишкомшим мегӯяд, дар Душанбе ӯро се дугонааш ҳамроҳӣ карданд ва ҳеҷ дар гӯшаи хаёлаш набуд, ки гӯё гум шудани ӯ натанҳо хонавода, балки ҷомиаро ба по мехезонад. “Ман рӯзи 26 март бо мошини тамғаи “Galoper” аз шаҳри Хоруғ ба Душанбе рафтам ва чаҳордаҳ рӯз дар онҷо будам. Ин хел набуд, ки ман дар кӯча мондам ё парешону беёд будам. Ман танҳо хостам, ки чанд муддат танҳо бошам”, - нақл кард ӯ.

Тақсими стипендия

Нигора дар мавриди инки харҷи сафараш аз маркази вилояти Бадахшон то шаҳри Душанбе ва, ҳамин тавр, ду ҳафтаи зиндагӣ дар пойтахтро аз куҷо ёфтааст, гуфт, “дар донишгоҳ 320 сомонӣ стипендия мегирам. Ҳар моҳ аз нӯги он 60-70 сомонӣ захира мекардам ва дар ин муддат бароям зарур шуд.”

Маркази вилояти Бадахшон
Маркази вилояти Бадахшон

Гум ва пайдо шудани Нигора дар ду ҳафтаи ахир сарусадову вокунишҳои зиёдро ҳам ба дунбол доштааст. Дар оғоз ҳатто баъзеҳо гуфтанд, ки гӯё ҷасади Нигораро дар Хоруғ пайдо кардаанд, аммо дертар хонаводааш ин хабарро рад намуданд. Иддае дигар навиштанд, ки зоҳиран мушкили хонаводагӣ ӯро ба ин кор водор кардааст, чун афроди огоҳ гуфтанд, модараш чанд соли қабл даргузашта ва Нигора таҳти сарпарастии модарандараш бузург мешуд. Аммо худи Нигора гуфт, ки бо касе мушкил надорад.

“Баробари ба Хоруғ расидан бо модарам тамос гирифтам. Ягон ҳарфи бад нагуфт. Падарам ҳам гуфт, ки сиҳату саломат баргаштӣ, бас аст”, - афзуд ӯ.

Гумгаштаҳо...

Солҳои охир хабари гум шудани афроди синну соли гуногун дар Тоҷикистон нашр шуда, бархеи онҳо бо гузашти чанд рӯз солим пайдо гардидаанд. Аммо ҳолатҳое ҳам будааст, ки танҳо ҷасади ин афрод ёфт шуда ё аслан хабари дар куҷо ва дар чӣ вазъ буданашон номаълум мондааст. Аз ҷумла, хоҳарон Малика ва Сабина Араловаҳо соли 2013-ум дар наздикии фурӯшгоҳи “Садбарг”-и пойтахт гум шуда, то ҳол дар куҷо буданашон маълум нест.

Малика ва Сабина Араловаҳо
Малика ва Сабина Араловаҳо

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳарчанд дар барномаҳои ҷудогонаи телевизионӣ ва вебсайти расмиаш аз гум шудани ин ё он нафар хабар медиҳад, вале нагуфтааст, ки барои мисол, дар маҷмуъ, дар як соли охир чӣ қадар аз шаҳрвандони кишвар гум шуда, чӣ теъедоди онҳо пайдо гардидаанд. Аммо бар асоси иттилои соли 2013-ум, ки ҳамин вазорат нашр карда буд, ҳамон сол дар кишвар 232 нафар ноболиғ гум шуда, дар пайи ҷустуҷӯ 227 нафарашон ёфт шудаанд.

XS
SM
MD
LG