Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодгоҳи Темурлангро дар Узбекистон вайрон кардаанд


Инҷо зери ҳимояти ЮНЕСКО буд, ҳоло ду маҳалааш аз байн рафтааст.
Инҷо зери ҳимояти ЮНЕСКО буд, ҳоло ду маҳалааш аз байн рафтааст.

Узбекистон бо шитоб барои даст овардани даромади бештар аз ҳисоби мероси бостонии кишвар, эҳтимолан як мурғеро, ки дар Шаҳрисабз тухми тиллоӣ мекард, аз байн бурдааст.

Бо иҷрои барномаи давлатӣ барои инкишофи ҷаҳонгардӣ ва ҷалби саёҳони бештар ба Шаҳрисабз, мақомот як маҳҳали маскунии бостонӣ дар масоҳати 70 гектарро вайрон кардаанд. Ин маҳаллаи аз қарни 14 дар Шаҳрисабз монда буд.

Ҳоло ЮНЕСКО, Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал саъй дорад, монеи вайрон кардани манотиқи дигари таърихии дигари Шаҳрисабз шавад, аммо ин хатар ҳам вуҷу дорад, Шаҳрисабзро аз феҳрасти мероси ҷаҳонии фарҳангӣ хориҷ кунанд.

Ҳукумати Узбекистон иҷрои барномаи рушди сайёҳӣ дар Шаҳрисабзро се сол пеш ва дар аҳди раиси ҷумҳури пешин Ислом Каримов оғоз кард.

Харобӣ дар маҳаллаҳои қадима дар аксҳои моҳвораӣ аз ЮНЕСКО
Харобӣ дар маҳаллаҳои қадима дар аксҳои моҳвораӣ аз ЮНЕСКО

Ду маҳаллаи қадимии шаҳрро, ки зери ҳимояти ЮНЕСКО қарор доштанд, бо булдозер аз байн бурданд ва ба ҷойи он, як роҳи васеъ, таввақуфгоҳ барои мошинҳо сохтанд ва як бозор, бо дӯконҳои мухталиф, ки махсус барои сайёҳон бунёд шудааст.

Узбекистон баъди аз ҳам пошидани шӯравии собиқ ва ба даст овардани истиқлол дар соли 1990 бо муроҷиат ба таърихи худ, саъй кардааст, ки ҳуввияти миллиашро аз нав бисозад. Ва чун як бахши ин ҳуввиятсозӣ дар шаҳри Шаҳрисабз як боғи бузургеро ба номи Темурланг бунёд кард, ки мавриди танқиди ЮНЕСКО қарор гирифтааст.

Дар ин боғ муҷассамаи бузурги Темурланг, муассиси хонаводаи темуриёнро бунёд кардаанд, ки дар асрҳои миёна дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҳукмфармоӣ мекард ва ҳоло ӯро дар Узбекистон қаҳрамони миллӣ мешуморанд. Пайкараи баланду бузурги ӯро, ки соли 1996 инҷо гузоштанд, аз ҳар гӯшаи боғ метавонед бубинед.

Ифрот дар бозсозӣ барои рушди туризм арзиши барҷастаи умумиҷаҳонии Шаҳрисабзро аз байн бурдааст.

Темурланг дар Шаҳрисабз ба дунё омадааст ва қадимитарин осори бостонии шаҳр, чун манораҳои қасри Оқсарой ва мақбараи Доруссаодат онҷо ҳанӯз ҳастанд. Ҳардуро дар қарни 14 сохтаанд ва Ҷаҳонгир писари калонии Темурланг дар ҳамин мақбара дафн шудааст. Ҳарду мероси таърихӣ дар боғи Темурланг ҷойгиранд. Бо вайрон кардани маҳаллаҳои қадимӣ барои мардуме, ки ба боғ меоянд, имкон фароҳам шуд, муҷассамаи бузурги Темурлангро аз фосилаи як километрӣ ҳам бубинанд.

Баъди онки мақомоти ЮНЕСКО соли гузашта аз Узбекистон хостанд, ки иҷрои барномаи рушди сайёҳӣ дар Шаҳрисабзро боздорад, бунёди як меҳмонхона барои сайёҳон дар канори ёдгориҳои қадимаро муттавақиф карданд.

Маҳаллаҳои ба хок яксоншудаи Шаҳрисабз
Маҳаллаҳои ба хок яксоншудаи Шаҳрисабз

Аммо пеш аз онки корро қатъ кунанд, ба қадри кофӣ ба ёдгориҳои қадимаи назди он осеб расонидаанд. Кӯчаҳои қадимии Шаҳрисабз бо хонаҳои қадимиро аз байн бурданд, шабакаи қадимии обрасонӣ ва минтақаҳои сабзи ин маҳалларо, ки зери муҳофизати ЮНЕСКО қарор дошт, вайрон карданд.

Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал соли 2000-уми маҳаллаи бостонии Шаҳрисабзро ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Ҳирот монанд донист ва бо назардошти саҳмаш дар фарҳанги башарият, онро ба Феҳрасти мероси ҷаҳонӣ шомил кард.

Ҳоло мумкин аст, Шаҳрисабзро бо назардошти осебе ки ба он расондаанд, аз феҳрасти мероси ҷаҳонӣ хориҷ кунанд. Рӯзи 19-уми май нозирони ЮНЕСКО, мушоҳидаҳояшон дар Шаҳрисабзро дар гузорише ба Кумитаи мероси ҷаҳонии созмон пешниҳод мекунанд ва хулосаи коршиносон барои нишасти моҳи июл дар шаҳри Краков муҳим аст. Дар ин нишаст, сарнавишти Шаҳрисабз баррасӣ мешавад, ки дар феҳраст бимонад ва ё берун карда шавад.

Фенг Ҷинг, мудири бахши Осиёву Уқёнусия дар Маркази Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО ва яке аз нозироне, ки моҳҳои март ва декабри соли 2016 ба Шаҳрисабз рафтааст, мегӯяд, “ифрот дар бозсозӣ барои рушди туризм” арзиши барҷастаи умумиҷаҳонии Шаҳрисабзро аз байн бурдааст.

“Барномаи инкишофи ҷаҳонгардӣ бидуни арзёбии таъсири он ба ёдгориҳои таърихӣ амалӣ шудааст. Онҳо бо ҳамин кор симои таърихии маҳаллаҳои таърихии маркази шаҳрро тағйир додаанд” – гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Боми Қоқ Гунбаз дар Шаҳрисабз, ки шитобкорона бозсозӣ шудааст.
Боми Қоқ Гунбаз дар Шаҳрисабз, ки шитобкорона бозсозӣ шудааст.

Яке аз аъзои Иттифоқи меъморони Узбекистон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски сарнавишти Шаҳрисабзро на ба дасти бостоншиносон ва ба дасти “тоҷирону соҳибкорони” наздик ба ҳукумати Каримов, додаанд, ёдгориҳои бостонии шаҳр ба ҳамин ҳол гирифтор шудаанд.

Ба гуфтаи Исса Торрес, як мутахассиси соҳаи туризм ва бостоншиносӣ, вақте сайёҳе ба шаҳри қадимае меравад, мехоҳад, “аз кӯчаҳои қадима бигзарад, фазои онро эҳсос кунад, бо мардум сӯҳбат кунаду фарҳангашонро бидонад” на инки ба фақат ба тамошои биноҳои алоҳидаи қадима биравад. Ба гуфтаи ӯ, сарнавишти Шаҳрисабз бояд дарсе барои онҳое бишавад, ки мехоҳанд, туризмро рушд бидиҳанд.

Шаҳрисабз яке аз шаҳрҳои наздик ба марзи Тоҷикистон аст ва аҳолии тоҷиктабор ҳам зиёд дорад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG