Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар робита ба таркиши Петербург 8 гумонбар боздошт шуд


Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад, ки дар робита ба ҳамлаи хунини метрои Санкт-Петербург ҳашт гумонбар - шаш нафар дар ин шаҳр ва ду тани дигар дар Москва боздошт шуданд.

Ба огаҳии кумита, аз манзили зисти онҳо маводи таркандае пайдо шудааст, ки ҳамсони онро 3 апрел дар истгоҳи "Плошад Восстания" дарёфт ва безарар гардонида буданд. Кумита нагуфт, ки ин афрод бо ин ҳамла чӣ пайванд доранд.

Рӯзи панҷшанбе дар яке аз биноҳои зисти Петербург маводи таркандаеро пайдо ва безарар гардонида, се зодаи Осиёи Марказиро боздошт карданд. Ба гуфтаи муфаттишони рус, ҳамлаи хунинро дар метрои Санкт-Петербург Акбарҷон Ҷалилов аз Қирғизистон, ки шаҳрванди Русия буд, анҷом додааст.

3 апрел дар қатори метрои Санкт-Петербург ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, ки 14 кушта ва наздики 50 захмӣ бар ҷой гузошт. То ҳол масъулияти ин ҳамларо гуруҳе ба зимма нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG