Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Акбарҷон: Бовар намекунам, ки писарам ин корро кардааст. 2 ВИДЕО


Модари Акбарҷон Ҷалилов, ҷавони муттаҳам дар таркиши метрои шаҳри Санкт-Петербург, рӯзи 5 апрел ба онҷо рафт. Вайро дар фурудгоҳ хабарнигорону дастгоҳҳои наворбардорӣ пешвоз гирифтанд. Аз модари Ҷалилов пурсиданд, ки то куҷо ба гунаҳкор будани писараш бовар дорад. Зан ба нишони нобоварӣ ба ин иттиҳом сарашро ҷунбонд. Ӯ дигар ба ҳеҷ саволи журналистон посух надод ва танҳо як дафъа гуфт, ки "чизе намедонад".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Модари Акбарҷон Ҷалилов бовар надорад, ки писараш бомбгузор аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 4 апрел гуфтанд, ки пеш аз парвоз волидони Акбарҷон Ҷалиловро дар Ӯш бозпурсӣ карданд. Эҳтимол дар Санкт-Петербург онҳо бояд бо нишонаҳои ҷасади фарзандашон шинос шаванд. Феълан тафтишот ба ин бовар аст, ки ин писар борхалтаашро бо бомбаи худсохте дар дохили он дар истгоҳи метрои "Площадь восстания" гузошта, баъдан гӯё худро дар дохили вагони метро дар байни истгоҳҳои "Сенная площадь" ва "Технологический институт" таркондааст.

Тафтиши хонаи Ҷалилов

Мақомоти Русия гуфтанд, ки муфаттишон то ин дам манзили зисти гумонбари ҳамла дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро тафтиш ва тахминан 40 шоҳидро бозпурсӣ карданд. Кумитаи тафтишот рӯзи 5 апрел бо нашри як баёния гуфт, дурбинҳои назоратӣ лаҳзаи тарки бино кардани Акбарҷон Ҷалиловро бо борхалта ё "рюкзак" дар пушт ва кӯлоҳе дар сар сабт кардаанд.

Модари Акбарҷон Ҷалилов дар фурудгоҳи Санкт-Петербург
Модари Акбарҷон Ҷалилов дар фурудгоҳи Санкт-Петербург

Ӯ дар Қирғизистон зода шуда, шаҳрвандии Русияро дошт

Акбарҷон Ҷалилов дар шаҳри Ӯши Қирғизистон таваллуд шуда, соли 2011 бар асоси аризаи падараш соҳиби шиносномаи Русия шудааст. Баъдан ӯ ба Санкт-Петербург кӯчида, дар ошхонаи як фурӯшгоҳ бо ошпазӣ ва дар як коргоҳи дигар бо таъмири мошин машғул будааст. Волидон ва бародари хурдии Ҷалилов дар Қирғизистон ба сар мебаранд. Ба навиштаи расонаҳо, Ҷалилов ҳамеша ба зиёрати наздиконаш мерафт.

Ҳамсояҳо: Хонаводаи ҷанҷолӣ нестанд

Ҳамсояҳо: "Оилаи муттаҳам бо бомбгузорӣ ҷанҷолӣ набуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Ҳамсояҳои Ҷалилов мегӯянд, ки ҳеҷ гоҳ бо ин хонавода мушкил надоштаанд. Миркомил Аҳмадалиев, яке аз ҳамсоягон гуфт, "ин оилаи хуб аст. Онҳо дӯстона муомила карда, ҳеҷ гоҳ ҷанҷол намекарданд. Фарзандонашон ҳам хуб ҳастанд." Акбаралӣ Юсуфҷонов, ҳамсояи дигари онҳо гуфт, "мо бо падарашон ошно набудем, вале ҳангоми вохӯриҳо ба якдигар салом медодем. Мо якдигарро дар масҷид медидем. Ӯ ба кор мерафт ва мани бознишаста дар хона ҳастам."

Акси Акбарҷон Ҷалилов аз саҳифаи ВКонтакте
Акси Акбарҷон Ҷалилов аз саҳифаи ВКонтакте

Таркиш дар метрои Петербург

Таркиш дар қатори метрои Петербург дар миёни истгоҳҳои "Технологический институт" ва "Сенная плошад" рӯзи 3 апрел рух дод. Баъдан дар истгоҳи "Плошад Восстания" низ дастгоҳи тарканда ошкор ва хунсо карда шуд. Шумори қурбониёни ин ҳамла ба 14 нафар расида, 49 тани дигар бо захмҳои гуногун бистарӣ шуданд. Рӯзи 4 апрел садҳо сокини Санкт-Петербург навбат мепоиданд, то барои захмиёни бомбгузорӣ дар метрои ин шаҳри шимоли Русия хун диҳанд.

Дар шифохонаҳо камбуди плазма ба вуҷуд омадааст ва табибон аз сокинони Санкт-Петербург дархости кумак намудаанд.​ Лилия Малишева, яке аз донорҳо гуфт, "мехоҳам кумак кунам. Мехоҳам хубӣ кунам. Ин фоҷиа на танҳо барои наздикони қурбониҳо, ин фоҷеа барои тамоми мамлакат аст."

Ин аввалин таркиши пурқудрат ва пурқурбонӣ дар Русия аст, ки дар давоми се соли охир рух дод. Владимир Путин, президенти Русия дар лаҳзаҳои таркиш дар шаҳри Санкт-Петербург, ки зодгоҳаш маҳсуб меёбад, бо президенти Беларус Александр Лукашенко дидору гуфтугӯ мекард. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ин ҳодисаро, ки мақомоти рус онро ҳамчун "таркиши террористӣ" қаламдод карданд, ба дӯш нагирифтааст.

ТАФСИЛОТИ ҲОДИСАРО ДАР ИНҶО БИХОНЕД

XS
SM
MD
LG