Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсия ба Тоҷикистон: Патентро лағв мекунем, агар... ВИДЕО, САДО


Парчами кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё
Парчами кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё

Бо вуҷуди онки Тоҷикистон гуфтааст, барои узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб намекунад, кишварҳои узв, аз ҷумла Русия талош доранд, Душанберо ба ин созмон кашанд.

Дар нишасте дар рӯзи 4 апрел дар Душанбе бо ширкати сафири Русия дар Тоҷикистон коршиносон ва дипломатҳои кишварҳои узв бештар дар бораи он гуфтанд, ки чӣ гуна узвият барои Қирғизистону Қазоқистон муфид будааст.

Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон
Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, ки дар ҳошияи ҳамоиши “Иқтисоди имконоти ҷадид. Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё” дар шаҳри Душанбе бо хабарнигорон суҳбат мекард, эътироф кард, ки ҳадаф аз баргузории ин гуна нишастҳо мутақоид кардани Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё аст.

Вай гуфт: “Мо дарк мекунем, ки шомил шудан ба ин иттиҳод як тасмими мустақили Тоҷикистон аст. Ҳамзамон, мо ба ҷомеаи ин кишвар ва соҳибкорону тоҷирони тоҷик омилҳои манфию мусбиии ин иттиҳодро ташреҳ медиҳем. Дирӯз чунин як ҳамоиш дар шаҳри Хуҷанд ва фардо дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор хоҳад шуд”.

Ташвиқи Тоҷикистон ба узвияти АвруОсиё
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:39 0:00
Линки мустақим

Дар ҳамоиш умдатан коршиносони Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳузур доштанд ва дар суханрониҳои худ аз ташаккули иқтисодии ба раҳбарии Русия тавсиф карда ва Тоҷикистонро барои узвият дар он ташвиқ мекарданд. Аз ҷумла, Ҷумъақодир Акенеев, доктори илми иқтисод дар Қирғизистон гуфт, ки кишвараш якуним сол пеш узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё шуд ва аз пайвастан ба он 90 дарсад нафъ бурда ва танҳо 10 дарсад зарар дидааст.

Манфиатҳои эҳтимолӣ барои Тоҷикистон

“Аввал, мақоми муҳоҷирони корӣ дар сатҳи коргарони кишварҳои узви ин иттиҳод баробар шуда ва аз ҳама гуна имтиёзҳо, ба истиснои интихоб шудан дар мақомҳои раҳбарикунандаро ба даст овардаанд.

Онҳо имтиҳон намесупоранд, пули патентро пардохт намекунанд, аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор ҳастанд, фарзандонашон бепул таҳсил мекунанд.

Дипломҳои Қирғизистон дар ин ҷо эътироф шуда ва ҳоло 30 дарсади муҳоҷирон аз рӯи ихтисосҳои худ фаъолият мекунанд. Дар ин муддат мизони интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ва Қазоқистон 30 дарсад афзоиш ёфтааст”.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз ним сол пеш мақомоти Қирғизистон дар Бишкек аз мушкилоту мавонеъ дар роҳёбии маҳсулоти кишоварзии ин кишвар дар бозорҳои Қазоқистону Русия ва хисороти зиёди молии кишоварзонашон баъди пайвастан ба ин созмон нигаронӣ карда буданд. Ҳукумати Қирғизистон он замон гуфт, табодули коло миёни Қирғизистон ва шарики асосии тиҷоратии он -- Русия баъд аз вуруди Қирғизистон ба иттиҳод 6,1 дарсад коҳиш ёфта ва аз 1,3 миллиард доллари соли 2015 то 958 миллион доллар кам шудааст.

Баҳси патенту узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:10 0:00

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар ҳамоиши сарони узв дар шаҳри Остона дар моҳи июни соли гузашта нархгузории ягонаи хизматрасонии роҳи оҳан, маҳдудсозии содироти картошка ба Қазоқистон, манъи назорати ветеринарӣ дар марзи Қазоқистону Қирғизистон ва интиқоли мол тавассути Русияро аз ҷумлаи мушкилоте хонда буд, ки дар ҳамгироии кишварҳои узви ин ниҳод монеа эҷод мекунанд.

Масалан, агар соли аввали узвияти Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба Қазоқистон ба маблағи 6,5 миллион доллар меваву сабзаҷот ворид шуда бошад, соли 2016 танҳо ба маблағи 27,3 ҳазор доллар мева ворид кардаанд.

Тоҷикистон барои пайвастан шитоб намекунад

Дар миёни ҷонибдорони узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бархе иқтисодшиносони тоҷик ҳам буданд. Аз ҷумла, Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ин тасмим вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва Қазоқистонро беҳтар карда дар роҳ ёфтани молҳои Тоҷикистон ба бозорҳои бузурги кишварҳои минтақа мусоидат мекунад.

Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров тарафдори вуруди Тоҷикистон ба созмон аст.
Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров тарафдори вуруди Тоҷикистон ба созмон аст.

​Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи Русия ва тухмиҳои аълосифати кишоварзии ин кишвар Тоҷикистон метавонад ба истеҳсоли беҳтари маҳсулоти кишоварзӣ, бо шумули пахта даст ёбад.

Аммо мунтақидони пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё мегӯянд, ки ин узвият пеш аз ҳама маҳудият дар озодиҳои иқтисодии Тоҷикистони ҷойгир дар бунбасти ҷуғрофӣ, коҳиш дар пардохтҳои гумрукӣ ва паёмадҳои дигарро дар пай хоҳад дошт. Яке аз талаботи аслии узвият дар ин созмон аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод шудани моли воридотӣ аз кишварҳои узв мешавад.

Зиёнҳои эҳтимолӣ барои Тоҷикистон

Аз сӯи дигар, ширкатҳои бузурги Русия ҷойи ширкатҳои Тоҷикистонро, ки ҳанӯз нерӯманд нестанд, дар бозори дохилии кишвар танг хоҳанд кард. Ҳоло чунин вазъият дар Қазоқистону Қирғизистон ба мушоҳида мерасад.

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик гуфт: “Дар солҳои аввали узвият дар созмон бахши даромади буҷети Тоҷикистон зарар мебинад. Аз ҷониби дигар, дар бозори ягонаи ин созмон бонкҳои бузург ва корхонаҳои бузурги кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё метавонанд то андозае бонкҳою корхонҳои хурди Тоҷикистонро аз бозор танг кунанд”.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи вай, дар 10 соли ахир гардиши коло ва ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Русия ва Қазоқистон камтар шуда ва саҳми Чин дар ин росто бештар шудааст. Яъне, дар ин давра ҳукумати Тоҷикистон сиёсати “дарҳои боз”-ро пеш гирифта, кишварҳое бо сармояҳои бузург ба мисли Чин ё Туркия вориди Тоҷикистон шуданд.

Дар солҳои охир Чин, ҳамсояи ғарбии Тоҷикистон як шарик ва сармоягузори муҳими иқтисодии Тоҷикистон шудааст, ки то 90 дарсади маҳсулоти саноатии бозори Тоҷикистонро таъмин мекунад. Ваъдаи Пекин ба сармоягузории 6 миллиард доллари дигар ба иқтисоди Тоҷикистон то соли 2018, Душанберо, ҳади аққал дар ояндаи наздик барои худдорӣ аз пойбандӣ ба созмонҳои иқтисодӣ бо дигарон водор мекунад.

Дар нишаст асосан коршиносони кишварҳои узв ширкат доштанд.
Дар нишаст асосан коршиносони кишварҳои узв ширкат доштанд.

Се сол қабл дар вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисону мақомот гурӯҳи корӣ таъсис шуд, ки суду зиёни эҳтимолӣ аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро меомӯзанд. Мақомот мегӯянд, ҳоло ҳам ин масъаларо меомӯзанд ва маълум нест, кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мепайвандад, ё не.

Дароем, надароем?

На танҳо Тоҷикистон, балки бархе дигар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ низ барои узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё шитоб намекунанд. Масалан, Шавкат Тулаганов, муовини вазири иқтисоди хориҷии Узбакистон, рӯзи 29 ноябри соли 2016 дар Тошканд ба хабарнигорон гуфта буд, "бинобар хулосаи коршиносони Узбакистон узвият дар ин Иттиҳод ба Тошканд ягон бартарӣ намеорад ва, баръакс, ҳатто дар баъзе масъалаҳо ба мо осеб ҳам мерасонад."

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ аз ҷониби Русия, Белорус ва Қазоқистон таъсис ёфта ва аз 1 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кард. Баъдан Арманистон ва Қирғизистон ба ин иттиҳод пайвастанд. Таҳлилгарон Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро шабеҳи Иттиҳоди Аврупо хондаанд, ки дар он Русия нақши калидиро мебозад ва ҳадафаш аз таъсис додани созмон таҳкими нуфузи Русия дар кишварҳои пасошӯравӣ аст.

Дар оинномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадафи ин ниҳод таъмини гардиши озоди молу хизматрасонӣ, сармоя ё маблағ ва нерӯи корӣ дар ҳудуди кишварҳои узви иттиҳод ва сиёсати ягона ва ҳамоҳангшуда дар иқтисод унвон шудааст. Президенти Русия Владимир Путин талош дорад, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро барои афзоиши нуфузи Маскав ва муқовимат ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО истифода кунад.

XS
SM
MD
LG