Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тачӣ гуфт, таъсиси артиш аз роҳи музокирот сурат мегирад


Президенти Косово ваъда дод, ки бо аққалиятҳои миллии кишвараш тағйироти конститутсиониро баррасӣ карда масъалаи таъсиси артиши ҷудо аз нирӯҳои амниятии нимамусаллаҳи миллиро матраҳ мекунад. Ҳошим Тачӣ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҷараён бояд тадриҷӣ ва бо ширкати ҳама гурӯҳҳои узви ҷомеа, аз ҷумла сербҳои маҳаллӣ сурат гирад. Вай гуфт, ки аз рӯи меъёрҳои НАТО амал карда хостори фаъолияти бештари гурӯҳҳои бисёрмиллата дар ҳайати нирӯҳои мусаллаҳи кишвар мебошад.

Дар оғози моҳи март Тачӣ тарҳи қонунин навро ба парлумон ирсол кард, ки таъсиси артишро пешбинӣ мекунад. Вале ИМА ва НАТО ин ташаббусро интиқод карда гуфтанд, ки чунин амалҳо бояд пеш аз ҳама бо конститутсияи кишвар мутобиқат кунанд. Косово соли 2008 аз Сербия ҷудо шуда истиқлолияти худро эълон кард ва ин мақоми кишварро 114 давлати ҷаҳон эътироф намуд. Истиқлолияти Косоворо Сербия ва Русия эътироф накардаанд. Дар қаламрави ин кишвар шумори зиёди аққалияти серб ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG