Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмени қирғиз: ҷудоии миёни мақомоту ҷомеаи маданӣ амиқтар мешавад


Ҷудоии миёни мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қирғизистон то рафт бузургтар мешавад. Ин нуктаро омбудсмени қирғиз Қубод Оторбоев ҳангоми суханронӣ дар мизи гирди "Ҳаққи озодии баён ва ҷамъомадҳои осоишта", ки дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, баён дошт.

Ба гуфтаи Ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон, фаъолони маданӣ мақомотро ба он сарзаниш мекунанд, ки бо ҳабси мухолифону дастгир шудани фаъолон ва даъвоҳои додгоҳӣ зидди расонаҳои мустақил дар Қирғизистон давраи нави сиёсӣ оғоз шудааст.

"Мақомот мегӯянд, ки бо фасод мубориза мебаранд ва мо назарҳои ба ҳам мухолифро дар бораи воқеаҳои ҳамсон мушоҳида мекунем. Ин шикоф то рафт бузургтар мешавад. Миёни мақомот ва ҷомеа, бахусус мухолифон созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ зарур аст", - афзуд омбудсмен.

Оторбоев гуфт, аз муборизаҳо зидди фасод ҳимоят мекунад ва айбдоршавандаҳо низ бояд дар чаҳорчӯби муҳокимаҳои одила муҷозот шаванд. "Айбҳо, бахусус зидди мухолифони ҳукумат бояд дар асоси далелҳои муътамаду раднопазир эълон шаванд", - изҳор дошт ӯ.

Омбудсмени қирғиз мегӯяд, ҳамарӯза қонуншиканию фасодкориҳо аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу додгоҳии Қирғизистон ба назар мерасад ва ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мурофиаҳои додгоҳию таҳқиқи парвандаҳо ҳамоно аз шиканҷа, тамаъҷӯӣ ва таҳдид кор гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG