Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тамринҳои муқобила бо терроризми интернетӣ дар СҲШ


Рӯзи 30 март тарҳи паймони созмони ҳамкориҳои Шонгҳой оид ба муқобила бо терроризм дар ҷаласаи Шӯрои минтақавии сохторҳои зиддитеррористии ин созмон дар шаҳри Тошканд баррасӣ мешавад. Масъулини ин созмон ба хабаргузориҳои русӣ гуфтаанд, ки дар ин ҷаласа барномаи ҳамкории аъзои ин созмон дар муқобила бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва тундгароӣ барои солҳои 2016-2018 баррасӣ мешавад.

Яке дигар аз мавзӯъҳои мавриди баррасии ин нишаст –роҳандозии тамрини марбут ба ошкорсозӣ ва ҷилавгирӣ аз истифодаи шабакаи Интернет бо ҳадафҳои террористию тундгароӣ аст, ки қарор аст дар соли 2017 баргузор шавад. Дар ҷаласаи Тошканд намояндагони кишварҳои узв – Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Кумитаи иҷроияи созмон иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG