Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби бархӯрди мошине дар Домодедово ба роҳгузарҳо мушаххас шуд


Сабаби садамаи мошини сӯхторнишонӣ дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав, ки боис ба марги як нафар шудааст, эҳтимолан якбора боло рафтани фишори хуни ронандаи ин мошин будааст. Дар ин бора сохторҳои изтирорӣ ба хабаргузориҳои маҳаллӣ хабар додаанд. Садами субҳи имрӯз дар яке аз роҳҳои ҳудуди фурудгоҳ рух дод.

Мошини сӯхторнишонӣ бо як даъват барои иҷрои супорише ҳаракат мекард, якбора ба кормадони фурудгоҳ бархӯрд, ки аз роҳи мошингард убур мекарданд. Дар натиҷа, як нафар кушта ва 7 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ронандае, ки баъди ин ҳодиса аз санҷиши тиббӣ гузаштааст, эҳтимолан гирифтори фишори баланди хун шуд. Дар хуни ӯ нишонаҳои алкоҳол ошкор нашудааст. Дар ҷои ҳодиса кормандони сохторҳои изтирорӣ кор мекунанд, шаш маҷрӯҳ ба бемористон интиқол ёфтаанд. Як нафар дар ҳолати сангин аст. Таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG