Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ёдоварӣ аз 80-умин солгарди Терори бузург дар Қазоқистон


Аъзои ҷиноҳи Ҳизби "Нур Отан" дар порлумони Қазоқистон пешниҳод карданд, ки ба ёди қурбониёни боздоштҳои дастаҷамъӣ, шиканҷа ва қатли замони раҳбарии Иосиф Сталин дар ин кишвар чорабиниҳо баргузор шавад.

Муроҷиатномаи аъзои ҷиноҳ ба сарвазири Қазоқистонро дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе вакили порлумони ин кишвар Карибой Мусирмон дар ҷаласаи умумӣ дар шаҳри Остона қироат кард.

Ба гуфтаи Мусирмон, аъзои ҷиноҳи "Нур Отан" ёдоварӣ аз 80-умин солгарди таъқибҳои сталиниро, ки соли 1937 дар ин кишвар баъди ҷаласаи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти шӯравӣ оғоз шуд ва дар таърих бо номи Террори бузург маъруф аст, зарур номидаанд.

"Дар натиҷаи ин таъқибҳо бештари сиёсатмадорон ва зиёиёни миллати моро "душмани мардум" номида, куштанд ё ба муддати тулонӣ зиндонӣ карданд", - афзуд вакили қазоқ.

Бино ба гуфтаи муаррихон, дар натиҷаи таъқибҳои сталинӣ дар Қазоқистон дасти кам 22 ҳазор одам кушта шудааст.

Вакилони қазоқ пешниҳод доранд, ки бахшида ба 80-умин солгарди оғози Террори бузург конфронсҳои илмию амалӣ, дарсҳои оммавӣ ва намоишгоҳҳо баргузор, филмҳои мустанаду намоишномаҳои театрӣ пешкаш шавад.

XS
SM
MD
LG