Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Маскав


Боздоштгоҳи "Моросская тишина"
Боздоштгоҳи "Моросская тишина"

Аз рӯи ҳодисаи марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи “Матросская тишина” дар Маскав эҳтимолан дар додситонии кулли Русия парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, ки ҷасади шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон рӯзи 26 март дар дохили боздоштгоҳ пайдо шуд ва ба қавли ин манбаъ, ташхис мушаххас кардааст, ки ин марди 39-сола эҳтимолан худро нафасгир карда куштааст.

Ҳоло фарзияи марг – худкушӣ номида мешавад. Тафтиши пешакӣ мегӯяд, ки масъулини боздоштгоҳ барои нақзи муқаррарот, яъне набуди назорати комил аз рафтори боздоштшудаи таҳти бозҷӯӣ ҷавоб хоҳанд дод. Ин мард, ки исмаш оварда намешавад, бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буд. Қазияи марги мармузи ин мардро сарраёсати кумитаи тафтишоти ноҳияи Преображенскии Маскав таҳқиқ мекунад.

Дар ҳоле, ки ҷузъиёти бештари ин қазия дар даст нест ва тасдиқи дурустии ин хулосаҳо тавассути манобеи мустақил имкон надорад, омори расмӣ ва ҳам мушоҳидаҳои фаъолони ҳуқуқ мегӯяд, ки яке аз маъмултарин иттиҳоми зидди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия – қочоқи маводи мухаддир аст.

Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия дар соли 2015 навишта буд, ки дар зиндонҳои ин кишвар наздики 7800 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд ва сеяки онҳо барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд. Ба қавли фаъолон, дар миёни ин ҳодисаҳо бо тӯҳмат боздошту зиндонӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам кам нест.

XS
SM
MD
LG