Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти эҳтимолии як раҳбари Толибон дар Олмон


Додситониҳои олмонӣ як нафарро боздошт кардаанд, ки эҳтимолан як фармондеҳи гурӯҳи Толибони Афғонистон буд ва дар ҳамлаҳои зидди низомиён даст доштааст. Додситонии федеролии Олмон рӯзи 28 март бо пахши изҳороте гуфт, ки марди 30-солаи афғон, ки аз ӯ бо исми Абдуллоҳ П. ёд мешавад, рӯзи 23 март дар қаламрави вилояти Бовария дар ҷануби Олмон боздошт шуд. Ӯро дар узвияти созмони террористӣ ва ҳам кӯшиши қатл муттҳам мекунанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки гумонбар соли 2002 ба Толибон пайваст ва ду сол баъдаш аз падари худ раҳбарии як гурӯҳи марбут ба ин шабакаи террористиро ба ӯҳда гирифт. Додситонҳо мегӯянд, ки нақши ин мард дар ҳамлаҳои беҳисоб зидди сарбозони хориҷӣ ва афғон, аз ҷумла, ҳамла ба корвони низомӣ, ки 16 сарбози амрикоиву афғонро кушта бар ҷой гузоштааст, зиёд аст.

Мушаххас нест, ки ин ҳодисаҳо кай рӯй додаанд. Додситонҳо гуфтанд, ки баъди таҳдиди марг дар солҳои 2008 ӯ аз ҷангҳо хориҷ шуд. Соле баъдаш ба Покистон ва соли 2011 ба ҳайси як муҳоҷир ба Олмон кӯч баст. Соли 2001 ИМА дар раъси эътилофи байналмилалии низомӣ барои муқобила бо шӯришиёни мусаллаҳ вориди Афғонистон шуд ва ҳамон сол Толибонро аз қудрат дур кард. Гурӯҳи мусаллаҳ баъди ин фаъолияташро зидди нирӯҳои байналмилалӣ ва нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон дар аксар манотиқи кишвар идома дод.

XS
SM
MD
LG