Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафту Сурия – Хулосаи музокироти Путин ва Рӯҳонӣ. ВИДЕО


Владимир Путин бо Ҳасани Рӯҳонӣ
Владимир Путин бо Ҳасани Рӯҳонӣ

Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 28 март дар поёни мулоқот бо раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ изҳори умед кард, ки ду кишвар бо ҳадафи таҳкими назму суботи бозорҳои ҷаҳонӣ ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газро идома медиҳанд. "Мо имкони хуби тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газро мушоҳида мекунем. Як идда ширкатҳои пешдасти Русия дар мавриди истихроҷу коркарди маводи сӯхт дар чандин кони Эрон мувофиқатнома имзо кардаанд. Кишварҳои мо дар чорчӯби Форуми мамолики содиркунандаи маводи сӯхт ҳамкорӣ мекунанд, то бозорҳои ҷаҳонии нафт боназму субот бошанд”, - гуфт ӯ.

Гузоришро дар инҷо бубинед:

Музокироти Владимир Путин бо Ҳасан Рӯҳонӣ ба поён расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Русия вазифадор шудааст, ки дар нимаи аввали имсол рӯзона танҳо 300 ҳазор барел нафт истихроҷ кунад. Дар моҳи декабри гузашта созмони кишварҳои содиркунандаи нафт – ОПЕК ва кишварҳои дигари муҳим дар истихроҷу коркади нафт, ки зери раҳбарии Русия қарор доранд, мувофиқат карданд, то тавлиди саросарии нафтро то 1 миллиону 800 ҳазор барел дар як рӯз коҳиш диҳанд. Ҳадаф аз ин иқдом танзими бозор ва боло бурдани нархи афтидаи нафт арзёбӣ мешавад.

Вале Эрон аз ин тасмим дастгирӣ накард ва иброз дошт, ки коҳиши истихроҷу коркард ба барқароршавии соҳа халал мерасонад. То моҳи январи соли гузашта соҳаи нафту гази Эрон таҳти таҳрими байналмилалӣ қарор дошт.

Дар мулоқоти Рӯҳонӣ ва Путин буҳрони Сурия ва дигар масъалаҳои минтақа ва ҷаҳон баҳс шуданд. Путин ва Рӯҳонӣ аз созиши ҳастаии Теҳрон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ карданд. Бар пояи ин созиш Теҳрон баъзе аз бахшҳои ҳассоси барномаи ҳаставиашро канор гузошт ва дар муқобили он таҳрими байналмилалии Эрон коҳиш ёфт. Раҳбарони ду кишвар бунёди бахши дувуму севуми нерӯгоҳи ҳастаии Бушаҳри Эронро низ баррасӣ кардаанд.

Дар изҳороти президентҳои Русияву Эрон даъват шудааст, ки зери назари Созмони Милали Муттаҳид раванди таҳияи асноди марбут бо оиннома дар соҳаи иттилоотӣ роҳандозӣ шавад. Русия ва Эрон аз он нигаронанд, ки иттилоъ ва фанновариҳои иттилоотӣ ҳар чӣ бештар барои татбиқи ҳадафҳои ҷиноӣ, террористӣ, низомӣ ва сиёсӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Баҳси ҷанги Сурия ва барномаи атомӣ дар мулоқоти Рӯҳонӣ ва Путин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:39 0:00

XS
SM
MD
LG