Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё имрӯз расман хориҷшавӣ аз ИА-ро оғоз мекунад


Тереза Мэй
Тереза Мэй

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй номаи расмиеро, ки Иттиҳоди Аврупоро (ИА) дар бораи омодагии ин кишвар барои оғози гуфтугӯи ихроҷшавӣ аз иттиҳод огаҳ мекунад, имзо кард. Ба иттилои Reuters, хабарнигори он бо нусхаи нома, ки бояд имрӯз ба дасти президенти Шӯрои ИА Доналд Туск бирасад, ошно шудааст. Нуҳ моҳ пеш сокинони Бритониё дар як раъйпурсӣ хориҷ шудани кишварашонро аз ИА, ки соли 1973 ба он шомил шуда буданд, ҷонибдорӣ карданд.

Тавре интизор меравад, раванди хориҷшавӣ ду сол идома ёфта, Шоҳигарии Муттаҳида расман моҳи марти соли 2019 ИА-ро тарк хоҳад кард. Раҳбарони ИА мегӯянд, Бритониёро барои ин тасмимаш муҷозот намекунанд, вале дар дохили иттиҳод руҳияи манфие ба вуҷуд омада, намехоҳанд, ки тарки узвият осонтарин роҳи интихоб шумурда шавад. Доналд Туск баъди гирифтани нома бояд давоми ду рӯз нусхаи қоидаҳои баргузории гуфтушунидро ба 27 узви дигари ИА фиристад.

XS
SM
MD
LG