Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Омурбек Текебоевро бетағйир монд


Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми зиндони раиси ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоевро бе тағйир боқӣ гузошт. Дар ин бора аз Додгоҳи олии он кишвар хабар доданд.

Додгоҳ хабар медиҳад, ки боздошти Текебоев қонунӣ ва асоснок буд. Шикояти вакилони дифоъи роҳбари ҳизби "Ота Макон" қонеъ карда нашудааст.

Ҷонибдорони Текебоев назди бинои Додгоҳи олӣ гирди ҳам омаданд. Кормандони пулис бинои додгоҳ дар муҳосира гирифтанд.

Қарори ҳабси пешакии Текебоевро барои 2 моҳ додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 28 феврал содир карда буд. 9 март додгоҳи шаҳрии Бишкек қарори ҳабсро бе тағйир боқӣ гузошт.

Текебоев дар асоси даъвои соҳибкори рус Леонид Маевский боздошт шудааст. Маевский даъво дорад, ки соли 2010 барои мусоидат кардан дар хариди саҳмияҳои ширкати "Мегаком" ба Текебоев як миллион доллар додааст.

XS
SM
MD
LG