Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви дигари ҳизби "Ота Макон" дар Қирғизистон боздошт шуд


 Райкан Тологонов
Райкан Тологонов

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон вакили пешини порлумон аз ҷиноҳи "Ота Макон" Райкан Тологоновро боздошт кард. Вай дар ғоратгариҳои соли 2010 айбдор мешавад. Ба гуфтаи КДАМ, зери роҳбарии Тологонов як гуруҳ одамон корхонаҳо, манзилҳои зист, аз ҷумла манзили зисти марбут ба хонаводаи Боқиевҳоро ғорат кардаанд.

КДАМ аз 16 март парвандаҳои марбут ба ғоратгарии ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010-ро таҳқиқ мекунад. Ин ниҳод далелҳои кофӣ ва шоҳидии онҳоеро, ки дар ғоратгариҳо ширкат доштанд, ба даст овардааст.

28 марти соли ҷорӣ Тологонов дар содир кардани ҷиноят тибқи моддаҳои "ташкили ғоратгарӣ", "ташкили қасдан маҳв кардан ва расонидина зарар ба моликият" ва "ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва ба шахси дигар додани аслиҳаву маводи тарканда" расман айбдор шуд.

Ҳоло бо қарори додгоҳ вакили пешини порлумони Қирғизистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG