Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболи вазорати дифоъ ба Бартанг кӯмак бурд


Чархболи Вазорати дифои Тоҷикистон имрӯз, 29 март ба водии Бартанги Бадахшон, ки тайи чанд моҳи ахир дар инзиво монда буд, маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ бурдааст. Нилуфар Асламшоева, масъули равобит бо ҷомеаи ҳукумати Бадахшон субҳи чаҳоршанбе дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, ин чархбол, ки аллакай аз фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба самти Бартанг ҳаракат кардааст, ҳомили маводи мавриди ниёз ба монанди орд, равған, гӯгирд, чой ва собун мебошад. Ба гуфтаи Нилуфар Асламшоева, дар назар аст ин чархбол дар бозгашт афроди ниёзманд ба табобатро ба беморхонаи марказии вилоят интиқол диҳад. Ин намояндаи ҳукумати Бадахшон мегӯяд, Шодихон Ҷамшед, раиси ин вилоят низ ба хотири шиносоӣ бо вазъияти водии Бартанг ва ниёзмандиҳои дигар мардум, ба ин минтақа сафар кардааст. Барфбориҳои шадиди зимистони гузашта боиси баста шудани роҳҳо ва камбуди ғизо ва дигар маводи мавриди ниёзи сокинон дар бархе аз минтақаҳои вилояти Бадахшон шуда буд.

XS
SM
MD
LG