Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари нерӯҳои марзбонӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи низомии гарнизони пойтахт афсари қисми низомии 747-и Душанбе Ёрибек Саидовро барои "баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ" ба 9 соли зиндон ва нигоҳдорӣ дар колонияи низомаш сангин маҳкум кард. Мурофиаи ниҳоии ин парванда рӯзи 28 март дар Додгоҳи олӣ баргузор шуд. Лейтенант Ёрибек Саидов тибқи моддаи 391 қисми 3 банди “а” муҷрим шинохт шудааст. Қаблан ӯ тибқи моддаҳои 250 қисми 1 ва 143 прим 1 муттаҳам мешуд ва айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас тақозо карда буд, ки вайро ба 14 сол зиндон маҳкум намояд.

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе дар авоили моҳи ҷорӣ муҳокимаи ин афсари нерӯҳои марзбониро шурӯъ карда буд, ки ба гуфтаи муфаттишон бо рафтори бади худ, як сарбозро ба худкушӣ расондааст. Ба навиштаи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, Ҷаҳонгир Қурбонов -- яке аз ин сарбозони қаторӣ ба таҳқирҳои пайваста ва бадрафторӣ тоб намеорад ва моҳи сентябри соли 2016 худкушӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон бадрафторӣ бо сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад, ҳарчанд солҳои ахир чандин афсару сарбоз барои муомилаи бад бо ҳамсафонашон ва ё ба худкушӣ расонидани сарбозе ба зиндон маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG