Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал барои фасод боздошт шуд


Кобул
Кобул

Як генерали баландпояи афғон бо иттиҳоми фасод ва сӯиистифода аз вазифа муттаҳам шудааст. Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки генерал-майор Муҳаммад Муин Фақир аз ҷониби Маркази адолати зиддифасоди додситонии кулл боздошт шудааст. Ӯ аз шарҳи ҷузъиёти қазия худдорӣ кард. Генерал Фақир дар соли 2016 раҳбарии корпуси 215-уми артишро дар вилояти Ҳилманд ба ӯҳда гирифт ва масъули мубориза бо коррупсия шуд.

Ӯ ба ин вазифа баъди он омад, ки фармондеҳи собиқ барои пардохти ҳаққи заҳмати “сарбозони вуҷуднадошта” аз ин мақом барканор шуд. Он замон аз кори генерал Фақир Пентагон ҳам хушҳол буд ва мегуфт, ки ӯ шахсан дар беҳбуди кори ниҳоди зертобеаш саҳмгузор шудааст. Моҳи октябри порсол ӯ бо хости худ аз мақомаш барканор шуд. Президент Ашраф Ғанӣ ваъда додааст, ки дар амри мубориза бо ришваву фасод талош хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG