Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон бо Ветнам дар Душанбе бозӣ мекунад


Тими миллии футболи Афғонистон нахустин дидорашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё дар муқобили Ветнам баргузор хоҳад кард. Ин бозӣ имрӯз, 28 март, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки мизбонии онро Афғонистон бар ӯҳда дорад, соати 19:00 шуруъ мешавад.

Афғонистон ба далели мушкилоти амниятӣ дар Кобул бозиҳои хонагиашро дар хоки Тоҷикистон баргузор хоҳад кард. Ин мусобиқот қаблан дар Эрон баргузор мешуд. Федератсионҳои футболи Афғонистон ва Тоҷикистон тадобири хосеро барои дидори рӯзи сешанбе рӯи даст гирифтаанд.

Тими миллии Афғонистон қабл аз дидораш бо Ветнам, дар як бозии озмоишӣ дар Қатар мунтахаби Сингапурро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Мунтахаби Афғонистон, ки рӯзи шанбе ба Душанбе омад, дар пойтахти Тоҷикистон ду бозии санҷишӣ баргузор кард.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бошад, 28 март дар пойтахти Қатар – Доҳа - дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» муқобили мунтахаби Яман бозӣ мекунад. Ин дидор имрӯз дар варзишгоҳи Суҳайм Бин Ҳамад соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 - ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон, ба ҳайати тими миллии кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов

23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Дар байни онҳо шаш нафарашон легионер мебошанд, ки инҳоянд: дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн) ва Умедҷон Шарифов («Машъал», Узбакистон).

Ёдвар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз сафар ба Доҳа бозии дӯстонаро бо тими миллии Баҳрайн бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Ин бозӣ 23 март дар шаҳри Риффа, дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн, баргузор шуд. Ҳисобро Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари меҳмонон, дар дақиқаи чоруми дидор боз кард. Вале футболбозони тоҷик ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Ба мизбонон муяссар шуд, ки дар замони изофакардаи сардовари бозӣ (90+3) ҳисобро баробар намоянд.

XS
SM
MD
LG