Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбакистон дорухонаҳои гарон баста мешаванд


200 дорухонаи Узбакистон аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуд. Хабар дода мешавад, ки ин дорухонаҳо натавонистанд 227 номгӯи доруҳои истеҳсоли хориҷиро бо нархи муайянкардаи президенти Узбакистон фурӯшанд.

Нозироти вазорати тандурустии Узбакистон хабар медиҳад, ки қарори бекор кардани иҷозатномаи фаъолияти 700 дорухонаи дигар ба додгоҳ ирсол шудааст. "Додгоҳ то кунун 200 дорухонаро аз ҳаққи фаъолият маҳрум кард. Се соли оянда онҳо наметавонанд фаъолият кунанд. Ба ҷуз ин, 250 дорухонаи дигар, ки нархи доруҳоро боло бурда буданд, 10 рӯз аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуданд", - иттилоъ медиҳад нозироти вазорати тандурустии Узбакистон.

Манбаъҳои бахши узбакии Радиои Озодӣ хабар медиҳанд, ки дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд дорухонаҳо яке пас аз дигар баста мешаванд. Бисёре аз доруҳои истеҳсоли хориҷие, ки тибқи қарори президент бояд бо нархи арзон фурӯхта шаванд, дигар дар дорухонаҳо пайдо намегарданд ва акнун "бозори сиёҳ"-и доруфурӯшӣ ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG