Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Путину Вучич як ҳафта пеш аз интихобот дар Сербистон


Рӯзи 27 март дар Маскав президенти Русия Владимир Путин бо нахуствазири Сербистон Александр Вучич дидору гуфтугӯ ва ҳарду ҷониб ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд. Бо ёдоварӣ аз интихоботи президентии қарибулвуқӯи Сербистон Путин ба номзадҳои ин маърака “муваффақият” таманно кард. Вучичро дар интихоботи рӯзи 2 апрел пештоз меноманд. Шонси ӯ баъди он зиёд шуд, ки президент Томислав Николич гуфт, ки нияти бори дуюм дар курсӣ истоданро надорад. Аз ин пеш сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, ки дар ҷараёни мулоқот бо Вучич ҳеҷ сӯҳбате, ки ба ҷараёни интихобот дахолат кунад, анҷом намешавад. Дар бораи сӯҳбатҳои Вучич дар Маскав тафсилоти дигар нашр нашуд, вале матбуот гуфт, ки қарор аст шароити таъмини Белград бо шаш ҳавопаймои ҷангии навъи Миг-29 пеш аз интихоботи президентӣ дар гуфтугӯҳои Вучич дар Маскав натиҷагирӣ шавад. Вучичи дар гузашта миллатгаро талош кард дидгоҳҳои худро тағйир дода, худро як раҳбари рӯ ба Аврупо намоиш диҳд, вале ҳамеша бо Русия робитаҳои суннатии хубро ҳифз кардааст.

XS
SM
MD
LG