Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари дигари мухолифини Қирғизистон дар фасод гумонбар шуд


Дар Қирғизистон як раҳбари дигари мухолифин дар фасод айбдор шудааст. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рӯзи 27 март гуфт, Алмамбет Шикмаматов, яке аз раҳбарони ҳизби “Ота Макон” (“Ватан”) дар замони кораш дар Палатаи ҳисоб солҳои 2011 даст ба фасод задааст. Ба Шикмаматов амр дода шудааст, ки дар ҷараёни тафтишот аз ҳудуди кишвар берун наравад. Шикмаматов, ки ҳоло иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳизб аст, намояндаи панҷуми мухолифин шуд, ки дар ин охирҳо ба хилофкорӣ гумонбар дониста шудааст.

Раиси ин ҳизб Омурбек Текебоев, собиқ раиси маҷлис ва мунаққиди президент Алмосбек Отамбоев як моҳ ба ин сӯ дар боздошт ба сар мебарад. Ӯро дар гирифтани пора муттаҳам мекунанд, вале тарафдоронаш бовар доранд, ки бо ин амал мақомот мехоҳанд шонси ӯро барои ширкат дар интихоботи президентии тирамоҳи имсол ба сифр баробар кунанд. Мунаққидон мегӯянд, президент Отамбоев, ки дигар ҳақи пешбарии номзадиашро надорад, тавассути тағйирот ба конститутсияи кишвар ҳузури худро дар қудрат мехоҳад тамдид кунад.

XS
SM
MD
LG