Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули Лаби Ҷар аз обхезӣ хароб шуд


Бар асари боронгарии зиёд ва боло рафтани сатҳи оби дарёи Хингоб, пули Лаби Ҷар, ки шоҳроҳи Душанбе -- Бадахшонро мепайвандад, тахриб шуда ва ҳаракат дар ин масир номумкин шудааст. Исмоил Раҳимзода, сардори Раёсати хоҷагии сохтмон ва роҳҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 27 март ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта оби дарёи Хингоб регу гили зиёдро ҷамъ оварда, пули мошингузарро хароб намудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, вазорати нақлиёт аз шаби гузашта ба ин тараф роҳсозони ноҳияи Сангвор ва Дарвозро барои бартарф кардани ин мушкил сафарбар кардааст ва барои ҳарчӣ зудтар ислоҳ кардани вазъ, муовини вазир Вализода низ ба ҷои ҳодиса рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, Умеда Юсуфова сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мутахассисони ин кумита талош доранд пулро тоза кунанд. Вазорати нақлиёт мегӯяд, аз роҳи Лаби Ҷар мошинҳои борбар аз Чин убур мекунанд ва ҳоло талош ба харҷ дода шудааст, ки ҳарчӣ зудтар ҳаракат дар ин масирро барқарор созанд.

XS
SM
MD
LG