Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Доҳа бо Яман бозӣ мекунад


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки тавассути ҳавопаймо шаби шанбеи 25 март аз Манамаи Баҳрайн ба Доҳа расид, 28 март дар пойтахти Қатар дар марҳилаи муқаддамотии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» муқобили мунтахаби Яман бозӣ мекунад.

Бозӣ миёни тимҳои миллии Яман ва Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар Доҳа, дар варзишгоҳи Суҳайм Бин Ҳамад, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳайати мунтахаби кишварро дар фурудгоҳи Доҳа намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Қатар истиқбол карданд. Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар меҳмонхонаи «Конкорд» ҷойгир шудааст, ба нахустин бозии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов омодагӣ мебинад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Дар байни онҳо шаш нафарашон легионер мебошанд, ки инҳоянд: дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн) ва Умедҷон Шарифов («Машъал», Узбакистон).

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Давозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн), Умедҷон Шарифов («Машъал», Узбакистон), Мӯҳсинҷон Парпиев («Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Ҷаҳонгир Алиев, (ҳама – «Истиқлол»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Восиев (ҳарсе – «Истиқлол»), Давронҷон Тухтасунов («Хуҷанд»).

Сармураббӣ: Ҳаким Фузайлов.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби миллии Яман ва Тоҷикистонро ҳакамон аз Малайзия доварӣ мекунанд. Довари ФИФА Нагор Амир Бин Нур Муҳаммади 33-сола сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ёварони довари ФИФА – Муҳаммад Шаҳрим Бин Че Умари 33-сола ва Муҳаммад Ориф Шамил Бин Рашиди 23-сола ба ҳамватани худ ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ бар дӯши довари ФИФА Муҳаммад Замзаид Бин Катимини 37-сола мебошад. Маҳюб Содиқ аз Фаластин нозири доварон ва Ҷаргал Сухбаатар аз Муғулистон комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Ёдвар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз сафар ба Доҳа бозии дӯстонаро бо тими миллии Баҳрайн бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Ин бозӣ 23 март дар шаҳри Риффа, дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн, баргузор шуд. Ҳисобро Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари меҳмонон, дар дақиқаи чоруми дидор боз кард. Вале футболбозони тоҷик ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Ба мизбонон муяссар шуд, ки дар замони изофакардаи сардовари бозӣ (90+3) ҳисобро баробар намоянд.

XS
SM
MD
LG